Президент дар ҷаласаи ҳукумат аз камобию хушксолӣ ҳушдор дод

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2024
Обуна шудан
Дар ҷаласа махсус ба осебпазирии бахши кишоварзӣ дар пайи камборишӣ ишора шуда, таъкид шудааст, ки ба рушди он диққати махсус дода шавад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисоди кишвар моҳи январи дар сатҳи 8,1% таъмин гардид, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ вуҷуд доштаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар зимни натиҷагирӣ аз як моҳи гузашта дар маҷлиси ҳукумат изҳор дошт, ки корҳо дар ин раванд ҳанӯз нокифоя аст.
"Аз ҷумла дар ин муддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳишёбии суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1,2 банди фоизӣ, саноати коркард 1,8, таъмини неруи барқ 14,9 ва соҳаи сохтмон 1,6 банди фоизӣ ба қайд гирифта шуд",- гуфтааст президент.
Ӯ гуфтааст, ки бо дарназардошти торафт мураккабшавии вазъи ҷаҳони имрӯза зарур аст, пешравиҳои дар соли гузашта бадастомадаро таҳким бахшида, барои дастовардҳои назарраси соли равон замина гузошта шавад.
Президенти бо ёдоварӣ аз паёмадҳои ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъкид доштанд, ки тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола бебориш омад, ки ба соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии пайомадҳои хушксолӣ ва дигар омилҳои манфии таъсиррасон ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои амалӣ андешида, барои иҷрои ҳадафҳо тамоми имконияту захираҳои мавҷударо самаранок истифода намояд.
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2024
Раҳмон бо вазиронаш натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар соли 2023 баррасӣ кард
Дар ҷаласа махсус ба осебпазирии бахши кишоварзӣ ишора шуда, таъкид шудааст, ки ба рушди он диққати махсус дода шавад.
Ба тамоми мақомоти дахлдор дастур шудааст, ки барои истифодаи тамоми заминҳо ва гирифтани 3 – 4 ҳосил чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бахши энержии кишвар муваззаф шудааст, ки барои фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ бо барқ аз ҳоло чора андешанд.
Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш гирифтаанд, ки соҳаи тухмипарвариро барқарор ва деҳқононро бо тухмии баландсифат таъмин намоянд.
Лентаи хабарҳо
0