https://sputnik.tj/20240124/rahmon-bo-vazironash-natijahoi-rushdi-iqtisodiu-ijtimoii-kishvarro-dar-soli-2023-barrasi-kard-1061387358.html
Раҳмон бо вазиронаш натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар соли 2023 баррасӣ кард
Раҳмон бо вазиронаш натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар соли 2023 баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро баррасӣ шуд
2024-01-24T15:23+0500
2024-01-24T15:23+0500
2024-01-24T15:23+0500
дар тоҷикистон
маҷлис
ҳукумат
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/18/1061387189_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_8e43a06138c231c6ae373db05377f056.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат кишвар оғоз гардид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.Таъкид шудааст, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.Ёдовар мешавем, ки маҷлиси ахири ҳукумати рӯзи 27 декабри соли гузашта баргузор шуда буд, ки дар он Стратегияи миёнамӯҳлати идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баррасӣ шуд.Дар ин маҷлис ҳамчунин Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва дар бораи нақшаи кори Ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.Аъзои Ҳукумат дар ин маҷлис ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қавонини кишварро низ баррасӣ карда буданд.Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ ва Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Тоҷикистон ва масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар муҳокима гардида буд.Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояту, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дода буд.
https://sputnik.tj/20231227/iqtisod-niholshinoni-roh-majlisi-hukumat-rahmon-1061088805.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/18/1061387189_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_2dba64efe828de459d8fd011e5cd08f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, натиҷа, рушд, иқтисод, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, маҷлис ҳукумат
тоҷикистон, натиҷа, рушд, иқтисод, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, маҷлис ҳукумат
Раҳмон бо вазиронаш натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар соли 2023 баррасӣ кард
Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумат кишвар оғоз гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.
Таъкид шудааст, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҷлиси ахири ҳукумати рӯзи 27 декабри соли гузашта баргузор шуда буд, ки дар он Стратегияи миёнамӯҳлати идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баррасӣ шуд.
Дар ин маҷлис ҳамчунин Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва дар бораи нақшаи кори Ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Аъзои Ҳукумат дар ин маҷлис ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қавонини кишварро низ баррасӣ карда буданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ ва Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Тоҷикистон ва масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар муҳокима гардида буд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояту, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дода буд.