https://sputnik.tj/20240217/marz-tojikiston-qirghiziston-100-qita-bahsbarangez-boqi-1061738371.html
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 100 км қитъаи баҳсбарангез боқӣ мондааст
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 100 км қитъаи баҳсбарангез боқӣ мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Қисматҳои ҳамоҳангнашудаи сарҳади давлатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 10%-и дарозии хатти марзро ташкил медиҳад
2024-02-17T12:57+0500
2024-02-17T12:57+0500
2024-02-19T11:24+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
таъини хутути марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/01/1029480129_83:0:956:491_1920x0_80_0_0_8d50d206730109a7579590f38bccb55b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд дар бораи ҳудуди 100 километр марзи муштараки худ ба созиш расидаанд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт. Қитъаи ҳамоҳангнашуда тақрибан 10% дарозии сарҳади давлатиро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад. Вай афзуд, ки "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд." Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузариши хатти сарҳадро амалан дар асоси маҳалҳои воқеъан мавҷуда баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин, вазири хориҷа имкони сафари раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров ба Душанберо рад накард.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳудуди 890 километр марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли гузашта гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 вохӯрӣ баргузор карданд, ки дар натиҷа 169,48 километр хатти сарҳад аломатгузорӣ шуд. Ахиран тақсими марз ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷеенбек Кулубоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон табдил шуд. Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар ҳудудҳои ҳар ду ҷумҳурӣ доир мегарданд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
https://sputnik.tj/20240205/rahmon-bo-vaziri-khorijai-qirghiziston-masoili-marziro-barrasi-kard-1061554677.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/01/1029480129_261:0:923:497_1920x0_80_0_0_008d29249d1794d898d5762d3a6318dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз тоҷикистон қирғизистон баҳс марз
марз тоҷикистон қирғизистон баҳс марз
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 100 км қитъаи баҳсбарангез боқӣ мондааст
12:57 17.02.2024 (Навсозишуда: 11:24 19.02.2024) Қисматҳои ҳамоҳангнашудаи сарҳади давлатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 10%-и дарозии хатти марзро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд дар бораи ҳудуди 100 километр марзи муштараки худ ба созиш расидаанд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт.
Қитъаи ҳамоҳангнашуда тақрибан 10% дарозии сарҳади давлатиро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
"Дар як сол зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад", - гуфт раҳбари ВКХ.
Вай афзуд, ки "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондаанд ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд."
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузариши хатти сарҳадро амалан дар асоси маҳалҳои воқеъан мавҷуда баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, вазири хориҷа имкони сафари раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров ба Душанберо рад накард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳудуди 890 километр марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.
Танҳо дар соли гузашта гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 вохӯрӣ баргузор карданд, ки дар натиҷа 169,48 километр хатти сарҳад аломатгузорӣ шуд.
Ахиран тақсими марз ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷеенбек Кулубоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон табдил шуд.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар ҳудудҳои ҳар ду ҷумҳурӣ доир мегарданд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.