https://sputnik.tj/20240205/rahmon-bo-vaziri-khorijai-qirghiziston-masoili-marziro-barrasi-kard-1061554677.html
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ кард
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Қирғизистон идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст
2024-02-05T10:50+0500
2024-02-05T10:50+0500
2024-02-05T11:27+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061555012_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_93b0bfb025cb151243ba1fe8d36758dd.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор додаанд.Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон бар аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду кишварро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид кардааст..Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатҳоро баррасӣ кардаандКишвардори Тоҷикистон дар ин самт идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд.Дар ин дидор ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуданд.Зимни мулоқот ба мавзӯъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
https://sputnik.tj/20240204/muhriddin-tahkimi-hamkori-hamsoya-qirghiziston-1061553071.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061555012_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_211ec776d05f4b1a79e25297d5a09510.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон вазир хориҷа қирғизистон масоил марзи баррасӣ
раҳмон вазир хориҷа қирғизистон масоил марзи баррасӣ
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ кард
10:50 05.02.2024 (Навсозишуда: 11:27 05.02.2024) Кишвардори Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Қирғизистон идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон бар аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду кишварро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид кардааст..
Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатҳоро баррасӣ кардаанд
"Таъкид гардид, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд",- афзудааст манбаъ.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин самт идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд.
Дар ин дидор ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот ба мавзӯъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.