“Эътимод ба ҳамдигар”: Вазири корҳои хориҷӣ муносибатҳои Тоҷикистону Русияро арзёбӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2024
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, дар соли 2023 далелҳои зиёде дар бораи таҳкими назарраси равобити байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар ҳама сатҳҳо буд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба тадбирҳои ҳамаҷониба андешида истодаанд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии солонаи ин вазорат, ба тавсеъа ва пешрафти равобити Русияву Тоҷикистон ишора кард.
Вай қайд кард, ки намунаҳои хуби ҳамкориҳои ба назар намоён бо Русия дар бахшҳои гуногун мавҷуданд.
"Ба ин муносибатҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ хос буда, аз ҳама муҳимаш муколамаи мунтазам, самимона ва созанда дар сатҳи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия мебошад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, ба шарофати иртиботи наздики раҳбарони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сатҳи мусбати равобити дуҷонибаи давлатҳо ҳифз хоҳад шуд.
Вай афзуд, ки дар соли гузашта далелҳои зиёде дар бораи таҳкими қобили мулоҳизаи равобити байнидавлатӣ дар ҳама сатҳҳо мушоҳида шуд.
"Муҳимтарин рӯйдоди соли 2023 дар муносибатҳои мо сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Русия дар охири моҳи ноябр буд", - қайд кард вазири корҳои хориҷӣ.
Вай афзуд, соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 20 корхонаи муштарак бо сармояи Русия таъсис ёфт.
"Намунаҳои хуби ҳамкорӣ бо ҷониби Русия дар соҳаи санъат, табодули иттилооти молиявӣ зиёданд", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Швейная фабрика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2024
Русия дар Кӯлоб корхонаи нассоҷӣ месозад
Вай афзуд, ки соли гузашта ҷониби Русия фаъолона имкони бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд, Душанбе умедвор аст, ки ин раванд идома ёбад, ки бояд боиси татбиқи лоиҳаҳои мушаххас шавад.
"Яке аз ин мисолҳои амалӣ, ки ман метавонам номбар кунам, татбиқи босуръати лоиҳаи таъсиси кластери бузурги нассоҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ширкати русии "БТД-Групп" мебошад", - гуфт ӯ.
Дар соли 2023 Русия мисли солҳои қаблӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми аввалро ишғол карда, тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми гардиши молии дуҷониба ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 2,5% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0