https://sputnik.tj/20240210/rusiya-kulob-korkhona-nassoji-mesozad-1061644486.html
Русия дар Кӯлоб корхонаи нассоҷӣ месозад
Русия дар Кӯлоб корхонаи нассоҷӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон алакай ба ин ширкат дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб як қитъаи замин, ҳудуди 2 ҳазор гектар ҷудо кардаанд
2024-02-10T18:47+0500
2024-02-10T18:47+0500
2024-02-10T18:47+0500
русия
дар тоҷикистон
корхонаи ресандагӣ
кулоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255729_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_28b5b8b6f51589f685d9e41af080e33a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Соҳибкорони рус қасд доранд ба саноати нассоҷии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ҳамин тавр, калонтарин комбинати саноати сабуки Русия лоиҳаро ба амалӣ мегардонад.Истеҳсолоти "БТК-груп" ба технологияҳои пешрафта ва тамоюлҳои муосир асос ёфтааст.Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр зимни нишасти хабарӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон аллакай ба ин ширкат қитъаи замин ҷудо кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 1,8 ҳазор гектар ба муддати 20 сол дода шудааст. Барои оғози кор ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" аллакай дар мақомоти дахлдор, аз ҷумла дар мақомоти андоз сабти ном шудааст. Корхона аллакай ба шаҳр 20 воҳиди таҷҳизот овардааст ва дар ояндаи наздик ба кор шуруъ карданист. Тибқи созишнома дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб маҷмӯи корхонаҳои бофандагӣ ва ресандагӣ сохта мешавад. Баъди ба кор даромадани он то 6 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ соли гузашта дар Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 387 млн сомонӣ расонда шуда, дар шаҳр 29 корхонаи хурду миёна бунёд гардида, фаъолият мекунанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия ба Тоҷикистон дар бунёди паркҳои технологӣ кумак мекунад. Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир, ҳамкориҳои саноатӣ бо корхонаҳои Русия дар самти афзалиятноки ҷумҳурӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20240210/rusiya-bunyod-korkhona-sanoat-sughd-sarmoyaguzori-1061641724.html
русия
кулоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255729_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_4ef34e8f00ea89bd03f65547375ad0c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия кӯлоб корхона нассоҷ месозад
русия кӯлоб корхона нассоҷ месозад
Русия дар Кӯлоб корхонаи нассоҷӣ месозад
Мақомоти Тоҷикистон алакай ба ин ширкат дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб як қитъаи замин, ҳудуди 2 ҳазор гектар ҷудо кардаанд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Соҳибкорони рус қасд доранд ба саноати нассоҷии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Ҳамин тавр, калонтарин комбинати саноати сабуки Русия лоиҳаро ба амалӣ мегардонад.
Истеҳсолоти "БТК-груп" ба технологияҳои пешрафта ва тамоюлҳои муосир асос ёфтааст.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр зимни нишасти хабарӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон аллакай ба ин ширкат қитъаи замин ҷудо кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 1,8 ҳазор гектар ба муддати 20 сол дода шудааст.
Барои оғози кор ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" аллакай дар мақомоти дахлдор, аз ҷумла дар мақомоти андоз сабти ном шудааст.
Корхона аллакай ба шаҳр 20 воҳиди таҷҳизот овардааст ва дар ояндаи наздик ба кор шуруъ карданист.
Тибқи созишнома дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб маҷмӯи корхонаҳои бофандагӣ ва ресандагӣ сохта мешавад.
Баъди ба кор даромадани он то 6 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ соли гузашта дар Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 387 млн сомонӣ расонда шуда, дар шаҳр 29 корхонаи хурду миёна бунёд гардида, фаъолият мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия ба Тоҷикистон дар бунёди паркҳои технологӣ кумак мекунад.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир, ҳамкориҳои саноатӣ бо корхонаҳои Русия дар самти афзалиятноки ҷумҳурӣ мебошад.