https://sputnik.tj/20240206/donishjuyon-kormandon-vkd-kdam-bozdosht-nashajallob-tojikiston-1061578740.html
Аз донишҷӯён то кормандони ВКД ва КДАМ: боздоштҳо барои нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон
Аз донишҷӯён то кормандони ВКД ва КДАМ: боздоштҳо барои нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовар арқоми шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар ба ҷурмҳои марбут ба маводи мухаддирро эълон кард.
2024-02-06T11:51+0500
2024-02-06T11:51+0500
2024-02-20T19:06+0500
дар тоҷикистон
агентии назорати маводи нашъаовар
қочоқи маводи мухаддир
боздошт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102453/41/1024534161_0:0:1588:893_1920x0_80_0_0_4a76be80a1aa96ad5fa98df67a0d7c93.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев - Sputnik. Қочоқбарон дар қиёс ба қаламрави Тоҷикистон бештар дар хориҷ аз Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Муъминшо Муяссаров, сардори Раёсати иттилоотию таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.Ӯ гуфт, ки тайи соли 2023 чаҳор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шудаанд. Тибқи иттилои Агентӣ, дар соли 2023, 706 шаҳрванди Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда, ҳоло дар муассисаҳои ислоҳотӣ барои адои ҷазо қарор доранд. Аз инҳо 13 нафар зан, 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 4 нафар ноболиғ ва се нафар донишҷӯ ҳастанд. Шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон (4 нафар), Ӯзбекистон (4), Қирғизистон (2), Покистон (1) ва Русия (1) мебошанд. Агентӣ ду шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст, ки яке зан аст. Дар соли 2023 фаъолияти 41 (2022 – 37) гуруҳи ҷиноӣ дар ҳайати 77 (2022-89) нафар, аз ҷумла як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шудааст. Тибқи иттилои ини ниҳод, дар ин муддат 866 шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла 31 зан дар хориҷи кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шуда, аз онҳо дар умум 419,5 кило маводи нашъадор мусодира шудааст. Аз ин шумора дар Русия 785 нафар (122 кг), Қазоқистон 41 нафар (20 кг), Ӯзбекистон 39 нафар (265 кг) ва Қирғизистон 1 нафар (11,7 кг) боздошт шудаанд.
https://sputnik.tj/20240205/tojikiston-tonna-mavod-nashaovar-musodira-1061554454.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102453/41/1024534161_199:0:1390:893_1920x0_80_0_0_7d3de2b7bcc25ad2b44d4249aaad911c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷиноятҳо мухаддиротӣ кормандон мақомот донишҷӯён
ҷиноятҳо мухаддиротӣ кормандон мақомот донишҷӯён
Аз донишҷӯён то кормандони ВКД ва КДАМ: боздоштҳо барои нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон
11:51 06.02.2024 (Навсозишуда: 19:06 20.02.2024) Агентии назорати маводи нашъаовар арқоми шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар ба ҷурмҳои марбут ба маводи мухаддирро эълон кард.
ДУШАНБЕ, 6 фев - Sputnik. Қочоқбарон дар қиёс ба қаламрави Тоҷикистон бештар дар хориҷ аз Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Дар ин бора Муъминшо Муяссаров, сардори Раёсати иттилоотию таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки тайи соли 2023 чаҳор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шудаанд.
“Ягон нафар аз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир нашудааст. Аз чаҳор нафар се нафар – ду нафар дар Хатлон ва як нафар дар Бадахшон - аз кормандони ВКД ва як нафари дигар корманди нерӯҳои марзбонӣ ҳастанд”, - гуфт Муяссаров.
Тибқи иттилои Агентӣ, дар соли 2023, 706 шаҳрванди Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда, ҳоло дар муассисаҳои ислоҳотӣ барои адои ҷазо қарор доранд.
Аз инҳо 13 нафар зан, 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 4 нафар ноболиғ ва се нафар донишҷӯ ҳастанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон (4 нафар), Ӯзбекистон (4), Қирғизистон (2), Покистон (1) ва Русия (1) мебошанд.
Агентӣ ду шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст, ки яке зан аст.
Дар соли 2023 фаъолияти 41 (2022 – 37) гуруҳи ҷиноӣ дар ҳайати 77 (2022-89) нафар, аз ҷумла як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шудааст.
Тибқи иттилои ини ниҳод, дар ин муддат 866 шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла 31 зан дар хориҷи кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шуда, аз онҳо дар умум 419,5 кило маводи нашъадор мусодира шудааст.
Аз ин шумора дар Русия 785 нафар (122 кг), Қазоқистон 41 нафар (20 кг), Ӯзбекистон 39 нафар (265 кг) ва Қирғизистон 1 нафар (11,7 кг) боздошт шудаанд.