Агентии мубориза бо маводи мухаддир нокомияшро эътироф кард: раҳбари нав ваъдаи ислоҳ дод

© SputnikДиректор Агентства по контролю за наркотиками Таджикистана генерал-майор Самад Зафар
Директор Агентства по контролю за наркотиками Таджикистана генерал-майор Самад Зафар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Обуна шудан
Директори тозатаъйини ин ниҳод дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин мавзӯъ камбудиҳоро эътироф кард ва гуфт, барои рафъи онҳо кор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 6 фев - Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон далоили номуваффақиаш дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро шарҳ дод.
Ҳарчанд ин ниҳод махсус барои мубориза бо гардиши ғайриқонунӣ ё қочоқи маводи мухаддир таъсис ёфтааст, дастовардҳояш дар қиёс бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле кам аст.
Зафар Самад, директори ин ниҳод, зимни нишасти матбуотияш гуфт, ки соли 2023 ин Агентӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 495 кило маводи мухаддир мусодира кардааст, ки дар қиёс бо соли 2022 дар ҳаҷми 25 кг ё 4,9% кам аст.
“Ҳарчанд дар мусодираи маводи мухаддир натиҷа коҳиш ёфта бошад ҳам, вале мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар дорад, 3,8 маротиба ва афюн 37,2% афзойиш ёфтааст”, - гуфт Зафар Самад.
Омори дигаре, ки Агентӣ расман пешниҳод мекунад, низ аз коҳиши дастовардҳои ин ниҳод ривоят мекунанд. Аз ҷумла дар соли 2023 аз сӯи кормандони он 114 (2022 – 138) ҷиноёти вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 17,4% (24 ҷиноят) кам аст.
Дар ҳамин ҳол, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин давра бамаротиб бештар аз Агентии назорати маводи нашъаовар бештар маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Агенство по борьбе с наркотиками, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Аз донишҷӯён то кормандони ВКД ва КДАМ: боздоштҳо барои нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои Агентӣ, дар соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар умум аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тону 282 килограму 814 грам маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2022 (4 тону 991 килову 176 грам) 5,8% ё 291 килову 638 грам зиёд аст.
Қисмати умдаи ин мусодираҳо ба вазорати корҳои дохилӣ - 2 тону 593 кило (2022 – 1 тону 412 кг) ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Нерӯҳои марзбонӣ - 2 тону 118 кг (2022 – 2 тону 999 кг) – рост меояд.
Ҳиссаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 5 кг (2022 – 35 кг) ва Хадамоти гумрук 71 кг (2022 – 24 кг) аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, ки тоза дар вазифа таъйин шудааст, дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин мавзуъ камбудиҳоро эътироф кард ва гуфт, барои рафъи онҳо кор хоҳанд кард.
“Дар соли 2024 мо корро ҷоннок мекунем” – кӯтоҳ посух дод ӯ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Агентии мазкур ба таври физикӣ қудрати рақобат бо вазорати корҳои дохилӣ ва КДАМ-ро надорад ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо пешдастӣ карда наметавонад.
Женщина в платке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Дар Тоҷикистон шумори муътодон кам, аммо занони нашъаманд зиёд шудаанд
Яке аз собиқ кормандони ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, теъдоди кормандони ин ниҳод ба 400 нафар ҳатто намерасад, ки шояд нисфи онҳо кормандони оператифӣ бошанд, аммо кормандони милисаву марзбонӣ ба ҳазорҳо ҳисоб мешавад.
“Масалан, дар навоҳии ҳассоси марзӣ, назири Ҳамадониву Фархор танҳо як шуъба кор мекунад, ки натиҷаҳои бад надорад, дар ҳоле ки марзи 1370 – километра пурра таҳти назорати нерӯҳои марзбонист ва онҳо бештар бо қочоқбарон сар ба сар мешаванд. Ё ВКД бештар аз ҳама корманд дорад, ки ҳар кӯчаву тангкӯча ва сокини кишварро мешиносанд ва имкони бештар барои фаъолияту манёврҳо доранд”, - гуфт вай.
Ба қавли коршиносон, бештари фаъолиятҳое, ки ба корҳои фаҳмондадиҳӣ рабт мегиранд, дар Тоҷикистон ба масъулияти Агентии назорати маводи нашъовар дохил мешаванд, аз ҷумла кор бо нашъамандон.
Лентаи хабарҳо
0