Ҳалокати тоҷикистониҳо дар сӯхтору садамаҳо якбора зиёд шудаст: Чаро?

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия / Гузариш ба медиабонкДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Обуна шудан
Ҳолатҳои марги одамон дар сонеҳаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар ба қайд гирифтаанд, 25% зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон соли гузашта 519 нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ дод Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Ба иттилои ин ниҳод, теъдоди ҳалокшудагон дар қиёс бо соли 2022 қариби 25% ё 103 нафар зиёд шудаанд.
Дар умум садамаҳое, ки куштаю маҷруҳон барҷой гузоштаанд, беш аз 1,1 ҳазор ҳолат сабт шудааст. Шумори чунин садамаҳо 15 адад дар қиёс бо соли қаблӣ афзудаст.
Шумори маҷруҳон дар садамаҳо наздики 1,2 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2022 ҳудуди 1% зиёд гардидаанд.
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2024
Раҳмон 30% кормандони БДА-ро ихтисор кард
Фавти тоҷикистониҳо дар сӯхторҳо низ афзоиш ёфта, аз 18 нафари соли 2022 ба 23 нафар дар соли 2023 расидаанд.
Зиёд шудани ҳолатҳои садамаҳои маргбор ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое барангехт. Мақомоти Тоҷикистон ахиран барои ихтисори ҳудуди 30%-и кормандони Бозрасии автомобилии Тоҷикистон қарор карданд.
Қаблан масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобилро гуфтанд.
Муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз сабабҳои асосии дигари садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0