Раҳмон 30% кормандони БДА-ро ихтисор кард

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони навбатиаш воҳидҳои кории кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохиларо кам кард
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури кишвар, Воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 дарсад ихтисор карда мешаванд.
Тавре дар фармони нашршудаи раисҷумҳур гуфта шудааст, ин иқдом бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Дар фармон таъкид шудааст, ки воҳидҳои кории БДА ВКД 30% ихтисор карда мешаванд.
Раисҷумҳур супориш додааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Сардори БДА ва сохторҳояш иваз шуданд: Раҳмон хост, сафи ин ниҳод тоза карда шавад
Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни як суҳбат бо роҳбарияти БДА дар соли гузашта барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастур дода буд.
Президент аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шуд.
Вай супориш дода буд, ки сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ тоза карда шаваду тамоми кормандони БДА аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуда буд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0