Садҳо гектар дар Суғд аз кишт канор мондаанд

© Sputnik / Амир ИсаевПоле с виноградом, архивное фото
Поле с виноградом, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Обуна шудан
Дар шароити камзаминии Тоҷикистон, ки роҳбарияти кишвар ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин таъйин мекунад, садҳо гектар аз гардиш канор мондаанд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Камбуди ҷоришавии об дар руду каналҳо сабаби шӯрзадагиву аз кишт мондани садҳо гектар замин дар Тоҷикистон шудааст.
Масъулони идораи замин дар вилояти Суғд ҳолати ба вуҷудомадаро таъйид намуда ва омили онро ба таъсири тағйирёбии иқлим марбут медонанд.
Сардори Кумитаи заминсозӣ дар вилояти Суғд, Тоҳирҷон Толибзода гуфт, давоми соли 2023 дар шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон наздики се ҳазор га замин аз кишт берун мондаанд.
Ин масъули идораи заминсозӣ зикр кард, ки ҳарчанд дар ин давра 1237 га заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуданд, аммо масоҳати заминҳои аз кишт бозмонда аз ин рақам бештар аст.
Бино ба гуфти Толибзода дар ин давра дар беш аз 2945 га заминҳои Суғд кишт сурат нагирифтааст.
Салат, выращенный на промышленной автоматизированной вертикальной ферме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
“Аз ҳисоби худ”: чаро воридоти нуриҳои минералӣ кам шуд?
“Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 154 га, Бобоҷон Ғафуров 142 га, Деваштич 145 га, Зафаробод 761 га, Истаравшан 486 га, Конибодом 160 га, Спитамен 312 га ва дар ноҳияи Мастчоҳ 782 га заминҳо киштношуда боқӣ монданд” – гуфт, раиси идораи заминсозӣ.
Ин манбаъ дар шарҳи ин омор гуфт, ки корношоям шудани шабакаву иншооти обрасонӣ боис ба шӯрзеркунӣ ва ботлоқшавии чунин заминҳо гардида, имкони гузаронидани кишти зироат дар онҳоро ғайриимкон гардонидааст.
Бино ба омори Идораи кишоварзии Суғд, давоми соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳру навоҳии ин вилоят дар 280 ҳазор га замин кишту парвариши зироатҳо сурат гирифта, аз ин ҳисоб ҷумла 410 ҳазор тон ғалладона ва 650 ҳазор тон сабзавот истеҳсол шудааст.
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд азм доранд, ки соли ҷорӣ ҳаҷми замини зироатҳоро бештар кунанд ва бо ин мақсад барои таъмиру тармими муҳаррики иншооти обрасонӣ беш аз 12 млн сомонӣ ихтисос шудааст.
Лентаи хабарҳо
0