“Аз ҳисоби худ”: чаро воридоти нуриҳои минералӣ кам шуд?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСалат, выращенный на промышленной автоматизированной вертикальной ферме
Салат, выращенный на промышленной автоматизированной вертикальной ферме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Обуна шудан
Қисми асосии воридоти Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон буда ва Русия низ саҳми муҳим дорад.
ДУШАНБЕ, 04 фев - Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани воридоти нуриҳои минералӣ ба кишвар хабар дод.
Ин коҳиш аз ҳисоби истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дохили кишвар муяссар шудааст, гуфт, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш.
“Соли 2023 корхонаи “Азот” – и Вахш, ки солҳо ба ин сӯ кор намекард, ба кор даромад ва аввалин маҳсулоти худро ба бозори кишвар ироа кард ва ин таҳаввулот барои соҳаи кишварзии мо хеле муҳим буд”, - гуфт Ҳакимзода.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли гузашта Корхонаи “Азот” – и Вахш беш аз 36 ҳазор тон нурии азотӣ ва Корхонаи кимиёи Ёвон 1100 тон нурии фосфорӣ истеҳсол кардаанд ва ин боиси 12% коҳиш ёфтани воридот аз хориҷ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон ба ҳудуди 600 ҳазор тон нурии минералӣ эҳтиёҷ дорад, то кишоварзони кишварро пурра таъмин кунад.
Аз ин хотир, ҷумҳурӣ ҳамоно аз воридоти нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар вобаста аст.
Тибқи иттилои вазорат, тайи соли гузашта 175,5 ҳазор тон ба маблағи беш аз 63 млн доллар нуриҳои минералии навъи гуногун, аз ҷумла азотӣ (141,3 ҳазор тон ба маблағи 47,3 млн доллар), фосфат (8,7 ҳазор тон ба маблағи 8,2 млн доллар) ва ғайраро ворид кардааст.
Машины с мешками минерального удобрения. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Осиёи Миёна барои манотиқи лалмӣ аз Русия нуриҳои махсус мегирад
Ин рақам дар соли 2022 199,2 ҳазор тон ба маблағи 80,4 млн долларро ташкил медод.
Қисмати умдаи воридоти нерӯҳои минералӣ аз хориҷи наздик - кишварҳое, назири Ӯзбекистон (97,5 ҳазор тон ба маблағи 31,1 млн доллар, 37% кам дар қиёс бо соли гузашта), Русия (48,1 ҳазор тон ба маблағи 20,8 млн доллар, 214% зиёд), Туркманистон (13,7 ҳазор тон ба маблағи 5,2 млн доллар, 1% зиёд) ва Қазоқистон (14,1 ҳазор тон ба маблағи 4,4 млн доллар, 38% зиёд) ворид кардааст.
Саҳми кишварҳои хориҷи дур дар воридоти нерӯҳои минералӣ ба Тоҷикистон ба 1,6 ҳазор тон ба маблағи 1,1 млн доллар баробар шудааст.
Ин рақам соли гузашта 4,5 ҳазор тон ба маблағи 1,8 млн долларро ташкил медод, ки 63% коҳишро нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0