https://sputnik.tj/20240208/vazir-maslihat-mardum-shakari-asal-1061606823.html
Вазир маслиҳат дод, ки тоҷикистониҳо ба ҷои шакари хориҷӣ асали худӣ истеъмол кунанд
Вазир маслиҳат дод, ки тоҷикистониҳо ба ҷои шакари хориҷӣ асали худӣ истеъмол кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъмини аҳолии кишварро бо шакари тавлидоти дохилӣ ғайриимкон хонда, ин маҳсулотро барои саломатӣ зиён гуфт
2024-02-08T14:44+0500
2024-02-08T14:44+0500
2024-02-08T14:44+0500
дар тоҷикистон
саноат
замин
шералӣ кабир
шакар
асал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447955_0:0:3076:1730_1920x0_80_0_0_dbe7727a8a88dd6833cb8d30b51abac1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи асалпарварӣ шароит мусоид буда, таъмини тавлидоти шакар ғайриимкон аст. Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, ки даст кашидан аз шакар ба суди саломатии аҳолӣ аст. Вазир маслиҳат дод, ки ба ҷои равона кардани қариб сад млн доллар барои шакари воридотӣ мардум ба асал рӯй оранд. "Табиати Тоҷикистон барои рушди асалпарварӣ мусоид аст, Худо додаст, мо бояд ин соҳаро рушд диҳем", - гуфт ӯ. Вай афзуд, ки дар ҷаласаи махсус бо Пажуҳишгоҳи ғизои ҷумҳурӣ хулоса шуд, ки агар истеъмоли шакарро кам кунем, ин таъсири мусбӣ ба сатҳи зиндагии мардум мерасонад. Шералӣ Кабир гуфт, соли гузашта ба маблағи 97 млн доллар дар ҳаҷми 145 ҳазор тон шакар ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ӯ афзуд, гуногунсамтии воридоти шакар таъмин шудааст, аммо таъминоташ аз ҳисоби дохилӣ имкон надорад. Вай мисол овард, ки Тоҷикистон, ҳамагӣ 861 ҳазор гектар замини корам аст, ки 69%-аш обию боқимонда лалмӣ, ки барои кишти зироати шакардор, аз ҷумла лаблабу замини кофӣ нест. Ҳосилнокии лаблабу дар замини Тоҷикистон дар қиёс бо Русия ва Қазоқистон ду баробар кам аст, илова намуд вазир. Роҳи дигар таъминот бо лаблабуи тавлиди кишварҳои дигар низ ба далели хароҷоти интиқол муфид дониста нашуд.
https://sputnik.tj/20240208/shakar-shakari-belorus-narkhi-garon-1061602671.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447955_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6932897840a426d30d0241e16459047a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъмин, тоҷикистон, тавон, тавлид, маҳсулот
таъмин, тоҷикистон, тавон, тавлид, маҳсулот
Вазир маслиҳат дод, ки тоҷикистониҳо ба ҷои шакари хориҷӣ асали худӣ истеъмол кунанд
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъмини аҳолии кишварро бо шакари тавлидоти дохилӣ ғайриимкон хонда, ин маҳсулотро барои саломатӣ зиён гуфт
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи асалпарварӣ шароит мусоид буда, таъмини тавлидоти шакар ғайриимкон аст.
Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, ки даст кашидан аз шакар ба суди саломатии аҳолӣ аст.
Вазир маслиҳат дод, ки ба ҷои равона кардани қариб сад млн доллар барои шакари воридотӣ мардум ба асал рӯй оранд.
"Табиати Тоҷикистон барои рушди асалпарварӣ мусоид аст, Худо додаст, мо бояд ин соҳаро рушд диҳем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки дар ҷаласаи махсус бо Пажуҳишгоҳи ғизои ҷумҳурӣ хулоса шуд, ки агар истеъмоли шакарро кам кунем, ин таъсири мусбӣ ба сатҳи зиндагии мардум мерасонад.
Шералӣ Кабир гуфт, соли гузашта ба маблағи 97 млн доллар дар ҳаҷми 145 ҳазор тон шакар ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ӯ афзуд, гуногунсамтии воридоти шакар таъмин шудааст, аммо таъминоташ аз ҳисоби дохилӣ имкон надорад.
Вай мисол овард, ки Тоҷикистон, ҳамагӣ 861 ҳазор гектар замини корам аст, ки 69%-аш обию боқимонда лалмӣ, ки барои кишти зироати шакардор, аз ҷумла лаблабу замини кофӣ нест.
Ҳосилнокии лаблабу дар замини Тоҷикистон дар қиёс бо Русия ва Қазоқистон ду баробар кам аст, илова намуд вазир. Роҳи дигар таъминот бо лаблабуи тавлиди кишварҳои дигар низ ба далели хароҷоти интиқол муфид дониста нашуд.