Мусоҳибаи комили Путин бо рӯзноманигори амрикоӣ - видео

Обуна шудан
Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот дар бораи Украина даст накашидааст ва мутмаин аст, ки низоъ дер ё зуд ба таври осоишта хотима меёбад, гуфт Владимир Путин
Равобити сокинони Русия ва Украина дер ё зуд барқарор мешавад, гуфт президент, Владимир Путин дар мусоҳиба бо Такер Карлсон.
Раҳбари Русия назарашро дар бораи вазъи ҷаҳон, НАТО, сиёсати ИМА, Украина ва дигар масоили мубрам изҳори назар кард.
Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама дар бораи Украина даст накашидааст, аммо пас аз хатми музокирот дар Истанбул дар моҳи марти соли 2022, қадами аввалро намегузорад, гуфт Путин.
Силоҳи маърифати ом. Путин ба Такер Карлсон мусоҳиба дод
Вай афзуд, ки Маскав хостори наздикӣ бо Ғарб буд, аммо посухи рад гирифту баръакс шоҳиди паҳншавии НАТО ба шарқ гардид.
Ӯ илова намуд, ки сиёсати Вашингтон аз он вобаста нест, ки кӣ дар мақоми президентӣ аст, гап дар рӯҳияи элитаҳо меравад. Путин роҳбарияти ИМА-ро аз анҷоми хатоҳои пайдарпай ҳушдор дод.
"Ҳоло Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯшиш мекунад, ки ба ҷаҳони тағйирёбанда тавассути зӯр истодагарӣ кунад, аммо ин воситаҳо кор намекунад. Ҷаҳон ба ҳар ҳол тағйир хоҳад ёфт - новобаста аз он ки рӯйдодҳо дар Украина чӣ гуна анҷом меёбанд", - гуфт Путин.
Тафсилоту суҳбати пурраи президенти Русияро бо рӯзноманигори амрикоиро метавон дар навор тамошо кард.
Лентаи хабарҳо
0