Дар Тоҷикистон 51 нафар бар асари офатҳои табиӣ ҷон бохтанд

© Sputnik Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, аз шумораи умумии ҳолатҳои изтирорӣ дар як соли гузашта аз ҳама беш тармафароӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар соли 2023 бар асари 12 ҳолати табиӣ дар Тоҷикистон 51 нафар кушта шуданд.
Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Рустам Назарзода зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ниҳодаш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар умум 557 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба як соли пеш 140 ҳолат камтар аст.
Зикр гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи ҳолатҳои фавқулода 46 ҳодисаи табиӣ харобиовар буда, ба аҳолӣ ва ҳамзамон иқтисодиёти давлат дар маҷмӯъ 76 млн сомонӣ хисорот овард.
Манбаъ афзуд, соли гузашта аз ҳама беш тармафароӣ сурат гирифт, ки дар пай ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам хисороти зиёди молӣ дошт.
Снежная лавина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Сабти беш аз 40 тармаю сел дар роҳҳои Тоҷикистон: Ҳушдори мақомот аз идомаи хатар
Аз ҷумла моҳи феврали соли гузашта дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ тармаи азим фаромад, ки дар натиҷа дастикам 18 нафар ҷон аз даст доданд.
Ҳамзамон бар асари тармафароӣ дар вилоят ҷамъан 73 хонаи истиқоматӣ хароб гардиданд. Ҳаҷми зарари расида 15,8 млн сомонӣ арзёбӣ шуд.
Илова бар ин моҳи август бар асари фаромадани селу ярч дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 нафар кушта шуд.
Изҳори ҳамдардии Бердимуҳаммадов ба Раҳмон
КҲФ он замон иттилоъ дод, ки аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳо 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0