https://sputnik.tj/20230829/izhori-hamdardii-berdimuhammadov-rahmon-1059112202.html
Изҳори ҳамдардии Бердимуҳаммадов ба Раҳмон
Изҳори ҳамдардии Бердимуҳаммадов ба Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Туркманистон ба раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба офати тибиӣ, ки дар он 17 нафар ба ҳалокат расидааст изҳори ҳамдардӣ кардааст
2023-08-29T15:59+0500
2023-08-29T15:59+0500
2023-08-29T17:08+0500
дар тоҷикистон
сардор бердимуҳаммадов
изҳори таслият
эмомалӣ раҳмон
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055837580_0:0:3362:1892_1920x0_80_0_0_393fb495388acedc5ff14534d9d5e705.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиие, ки дар кишвар боиси талафоти ҷониву харобиҳои зиёд гардид, баёнияи изҳори тассаллӣ ирсол кардааст.Дар ин бора расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд. Раҳбари Туркманистон аз номи мардум ва ҳукумати кишвараш ва шахсан аз номи худаш ба мақомоти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст. “Дар ин лаҳзаи сангин ба тамоми аҳли оила ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунам ва хоҳони шифои комили ҳарчи зудтар бе захмбардоштагону мебошам”, - навиштааст раҳбари Туркманистон. Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Лангаришоҳ мегузарад, сел фаромад. Дар километри 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ва километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Варзоб низ зери об мондааст.Ғайр аз ин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ зарар диданд.Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа кор карда, ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.Ҳамзамон теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28 дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд. Ҳамин тариқ, теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар расид.
https://sputnik.tj/20230829/maqomot-tojikiston-arzyobi-khisorot-selkhezi-komissiyai-tasis-1059102225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055837580_423:0:3152:2047_1920x0_80_0_0_c0420432586480e140bad3d22bcdb0a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, изҳори тассалӣ, ҳамдардӣ, раҳмон, сардор бердимуҳаммадов, офати табиӣ
тоҷикистон, туркманистон, изҳори тассалӣ, ҳамдардӣ, раҳмон, сардор бердимуҳаммадов, офати табиӣ
Изҳори ҳамдардии Бердимуҳаммадов ба Раҳмон
15:59 29.08.2023 (Навсозишуда: 17:08 29.08.2023) Раҳбари Туркманистон ба раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба офати тибиӣ, ки дар он 17 нафар ба ҳалокат расидааст изҳори ҳамдардӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиие, ки дар кишвар боиси талафоти ҷониву харобиҳои зиёд гардид, баёнияи изҳори тассаллӣ ирсол кардааст.
Дар ин бора расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд.
Раҳбари Туркманистон аз номи мардум ва ҳукумати кишвараш ва шахсан аз номи худаш ба мақомоти Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
“Дар ин лаҳзаи сангин ба тамоми аҳли оила ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунам ва хоҳони шифои комили ҳарчи зудтар бе захмбардоштагону мебошам”, - навиштааст раҳбари Туркманистон.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Лангаришоҳ мегузарад, сел фаромад.
Дар километри 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ва километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Варзоб низ зери об мондааст.
Ғайр аз ин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ зарар диданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа кор карда, ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.
Ҳамзамон теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28 дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.
Ҳамин тариқ, теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар расид.