Сабти беш аз 40 тармаю сел дар роҳҳои Тоҷикистон: Ҳушдори мақомот аз идомаи хатар

CC BY-SA 3.0 / Scientif38 / Снежная лавина, архивное фото
Снежная лавина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Обуна шудан
Тармафароиҳо дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома дошта, ба иттилои ҳавошиносон чунин вазъият то 23 феврал давом мекунад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 41 ҳолати фаромадани тарма ва 1 сел ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди роҳҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Роҳҳои ноҳиявӣ феълан баста мебошанд.
Таъкид шудаст, ки бар асари гарм шудани рӯзҳои ахир ва боридани барфи зиёд фаромадани тарма идома дорад.
Инчунин дар километри 426-уми шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ дар ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Мусодираи антифризҳои пастсифат дар Кӯлоб
Бо ёрии техникаи махсуси хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт то шоми 21 феврал роҳро тоза карда, ҳааракатро барқарор намуд.
Инчунин дар ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, ноҳияи Дарвоз сел фаромадааст, ки дар пайи бартарафсозии оқибатҳои он роҳ дигарбора боз гардид.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то 23-юми феврали соли равон хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад.
КҲФ аз аҳолӣ даъват намудаст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум худдорӣ кунанду ронандаҳои қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0