https://sputnik.tj/20240204/orban-vaqt-sudi-rusiya-kiev-1061550934.html
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Маҷористон бо вуҷуди розигияш барои интиқоли даҳҳо млрд евро кумак ба Киев изҳор дошт, ки дар дарозмуддат вазъ ба суди Русия мебошад
2024-02-04T15:01+0500
2024-02-04T15:01+0500
2024-02-04T15:07+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
сиёсат
украина
виктор орбан
маҷористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056880216_0:0:550:310_1920x0_80_0_0_00e9749a230dd907183e8fc4b0fb7698.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар сурати идомаи пойфишорӣ, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонистанд, маблағи барои Маҷористон пешбинишударо низ ба Украина фиристанд. Ин нуктаро сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан дар шарҳи розигияш барои интиқоли кумак ба Украина баён дошт. Орбан баъди мулоқот бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ақидаашро дар бораи ҷилавгирӣ аз кумак ба Киев дигар кард.Нахуствазири Маҷористон дар оғоз ба кумаки 50 млрддолларии Иттиҳодияи Урупо ба Украина мухолиф буд. "Ман ба девор задам... 26 кишвари узви ИА дар ҳар сурат ба Украина пул мефиристоданд, ки ман онро боздошта наметавонистам", - изҳор дошт ӯ. Вай афзуд, имкон дошт, кишварҳои иттиҳодия маблағҳои барои Маҷористон пешбинишударо низ гирифта, ба Украина мефиристоданд, ки ин ба гуфтаи Орбан хуб нест. Сарвазир ҳамчунин афзуд, ки вақт дар тарафи Русия аст, тавозуни нерӯҳо ба нафъи Киев тағйир нахоҳад ёфт, аммо Иттиҳодияи Аврупо баръакс фикр мекунад.Қаблан Виктор Орбан барориши 50 млрд евро барои Украина дар 4 соли ояндаро манъ кард, аммо баъдан розӣ доду маблағҳо равона хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20240131/lanset-rusiya-tupi-khudgardi-ukraini-nobud-video-1061487624.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056880216_0:0:550:412_1920x0_80_0_0_a251505a1424601ecc25c0a360e04113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
виктор орбан, кумак, киев, розӣ, русия, суд
виктор орбан, кумак, киев, розӣ, русия, суд
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
15:01 04.02.2024 (Навсозишуда: 15:07 04.02.2024) Сарвазири Маҷористон бо вуҷуди розигияш барои интиқоли даҳҳо млрд евро кумак ба Киев изҳор дошт, ки дар дарозмуддат вазъ ба суди Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар сурати идомаи пойфишорӣ, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонистанд, маблағи барои Маҷористон пешбинишударо низ ба Украина фиристанд.
Ин нуктаро сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан дар шарҳи розигияш барои интиқоли кумак ба Украина баён дошт.
Орбан баъди мулоқот бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ақидаашро дар бораи ҷилавгирӣ аз кумак ба Киев дигар кард.
Нахуствазири Маҷористон дар оғоз ба кумаки 50 млрддолларии Иттиҳодияи Урупо ба Украина мухолиф буд.
"Ман ба девор задам... 26 кишвари узви ИА дар ҳар сурат ба Украина пул мефиристоданд, ки ман онро боздошта наметавонистам", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, имкон дошт, кишварҳои иттиҳодия маблағҳои барои Маҷористон пешбинишударо низ гирифта, ба Украина мефиристоданд, ки ин ба гуфтаи Орбан хуб нест.
Сарвазир ҳамчунин афзуд, ки вақт дар тарафи Русия аст, тавозуни нерӯҳо ба нафъи Киев тағйир нахоҳад ёфт, аммо Иттиҳодияи Аврупо баръакс фикр мекунад.
Қаблан Виктор Орбан барориши 50 млрд евро барои Украина дар 4 соли ояндаро манъ кард, аммо баъдан розӣ доду маблағҳо равона хоҳанд шуд.