https://sputnik.tj/20240202/dar-ostonai-jangi-khunin-ima-sharqi-nazdik-1061517324.html
Дар остонаи ҷанги хунин: ИМА дар Шарқи Наздик андаруни тӯфон мемонад
Дар остонаи ҷанги хунин: ИМА дар Шарқи Наздик андаруни тӯфон мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба иттилои The Guardian, Эрон тавассути миёнаравҳо ба Иёлоти Муттаҳида паёме расонд, ки агар Вашингтон тасмими ҳамла ба қаламрави ин кишварро кунад, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба хоҳад зад.
2024-02-02T11:55+0500
2024-02-02T11:55+0500
2024-02-02T11:55+0500
има
ховари миёна
эрон
яман
ҷанг
исроил
ҷо байден
сиёсат
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059538288_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0269f48fe19821f06a0bf64fa9578fa1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik, Давид Нармания. Намояндаи доимии Теҳрон дар СММ Амир Саид Иравонӣ ин хабарро расман рад карда гуфт, ки пас аз ҳамла ба пойгоҳи Амрико ҳеҷ иртиботе миёни ду кишвар вуҷуд надошт. Аммо баъдан ӯ афзуд, ҳар гуна ҳамла ба Эрон беҷазо нахоҳад монд. Ва ин бешубҳа раддияе нест, ки пас аз он дар Коҳи Сафед метавонанд нафаси сабук кашанд.Чӣ тавр Вашингтон ба хати бениҳоят тунуке наздик шуд, ки онро аз муноқишаи навбатӣ ҷудо мекунад? Сабаби расмӣ ҳамла ба як пойгоҳи амрикоӣ дар Ховари Миёна буд, ки дар натиҷа се сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Чунин ҳамлаҳо дар минтақа як ҳодисаи маъмулӣ аст, дар давоми моҳҳои охир садупанҷоҳ ҳодисаи ба ин монанд рух дода, беш аз сад амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд. Аммо то рӯзи якшанбеи гузашта талафоти ҷонӣ набуд.Аммо, вақте ки хун рехта шуд, бисёре аз сиёсатмадорон дар Вашингтон гирифтани интиқомро талаб карданд, ки аз зарбазании мушакӣ то ҳамлаи ҳамаҷонибаи заминӣ иборат буд. Ва дар Коҳи Сафед дудила шуда, котиби матбуот Карин Жан-Пйерро маҷбур карданд, ки баромад кунад, аммо вай фақат чизеро дар руҳияи "ҳамдардӣ ба оилаҳои онҳое, ки барои маъмурияти мо ҷангиданд" гуфт, ки он боиси ҷанҷоли дигар гашт.Он гоҳ устоди дигари барҷастаи сухан, худи Ҷозеф Байден маҷбур шуд, ки узрҳо пеш барад. Ва президенти ИМА комилан шаффоф ба ҳама "уқобон" ишора кард, ки орзуҳои онҳо беҳуда аст. "Фикр намекунам, ки мо дар Шарқи Наздик ба ҷанги васеъмиқёс ниёз дорем. Ин чизе нест, ки ман меҷӯям." Аммо ӯ ваъда дод, ки бо ҳамлагарон ҳисобро баробар мекунад. Сабабҳои худдорӣ фаҳмост.Аввалан, саволҳо дар бораи ҳамла ба кадом пойгоҳи Амрико вуҷуд доранд: Вашингтон исрор дорад, ки сухан дар бораи пойгоҳи “Бурҷи 22” воқеъ дар Урдун меравад, аммо худи Урдун иддао дорад, ки ҳамла ба пойгоҳи хеле наздик, вале аллакай дар қаламрави Сурия ҷодошта, пойгоҳи Ал- танф рух додааст. Ва дар ин ҷо, албатта, фарқияти куллӣ вуҷуд дорад, дар Урдун, иншооти амрикоӣ дар доираи шартномаи дуҷониба ҷойгиранд, бинобар ин, аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ Иёлоти Муттаҳида ҳақ дорад, ки худро дифоъ кунад. Дар Сурия бошад, амрикоиҳо бе ягон иҷозат бо хоҳиши худ қарор доранд, аз ин рӯ, ҳамлаҳоро аз ҳар тараф (Теҳрон иддао дорад, ки дар ҳодисаи рухдода ширкат надошт) ҳамчун таҷовуз муаррифӣ кардан мушкил аст.Ва ин танҳо қуллаиайсберг аст. Вашингтон метарсад, ки иқрор шавад, ки ба ҷанг бо Эрон омода нест. Дар тӯли 80 соли охир Иёлоти Муттаҳида рақиби мустақими низомии ин дараҷаро надошт: кишвари 90 миллионнафара, ки дар тӯли 45 соли таҳримот тавонист тавлиди силоҳи худро дар соҳаҳои пешрафта таҳия кунад (чунончи бесарнишинҳо ва мушакҳои гиперсадо), як шабакаи пешрафтаи зертобеъро дар тамоми минтақа ва артиши пурқувватро парвариш кардаст,ин воқеан рақибест, ки аз ӯбояд тарсид.На Афғонистон ва на Ироқ ин гуна зарфият надоштанд, аммо ҳатто дар ин кишварҳо корҳо барои Иёлоти Муттаҳида ончунон базеб набуданд, ки Кохи Сафед қаблан ба нақша гирифта буд. Вазъияти умумӣ дар Ховари Миёна ба сари амрикоиҳо мушкилоти иловагӣ зам мекунад, илова бар ҳамлаҳои қариб ҳамарӯза ба пойгоҳҳои низомӣ, киштиҳои тиҷоратӣ ва ҷангӣ дар Баҳри Сурх таҳти таҳдид аз ҷониби Ҳусиёни Яман қарор доранд. Ансоруллоҳ, бо вуҷуди идомаи тирборони Яман, идомаи талаби хатми ҷанг дар навори Ғаззаро дорад. Аҷиб аст, ки Амрико, ки ҳамон Яманро бомбборон мекунад, низ талаббори хатми ҷанг дар навори Ғазза аст ва саъй дорад болои сарвазири Исроил Нетаняҳу фишор оварад. Ӯ бошад дар навбати худ такрор мекунад, ки амалиёти “шамшерҳои оҳанин” то пирӯзӣ анҷом дода мешавад.Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки Нетаняҳу тақрибан дарҳол пас аз музокироти раиси Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ) Уилям Бернс бо намояндагони Исроил, Миср ва Қатар дар Порис чунин суханронӣ кард, ки баъд аз он расонаҳо дар бораи имкони оташбас миёни Телавив ва Ҳамос гузориш доданд.Ва аслан дарҳол пас аз он, ки Нетаняҳу беэътиноии намоишкоронаи худро ба Вашингтон нишон дод, мақолаи Бернс дар маҷаллаи амрикоии "Foreign Affairs" нашр шуд, ки дар қатори дигар масоил қайд шудааст, ки калиди амнияти Исроил ва минтақа ин равобит бо Эрон аст. Барои Телавив як ишораи шаффофтар пайдо кардан душвор аст.Бояд иброз дошт, ки дар Эрон низ, аз афти кор, ба ин мақола таваҷҷӯҳ дода шудааст. Яке аз фаъолтарин гурӯҳҳои тарафдори эронӣ “Катаиб Ҳизбуллоҳ”, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Амрикоро ташкил кардааст, эълон кард, ки танаффуси муваққатӣ мегирад.Акнун навбатиВашингтон мемонад, ки аз як тараф, вазифадор аст дар худи Иёлоти Муттаҳида нишон диҳад, ки қотилони аскарони Амрико аз интиқом нахоҳанд гурехт, аз тарафи дигар, ба ҷанг роҳ надиҳад, ки метавонанд барояш бори гарон гардад.
https://sputnik.tj/20240131/ima-shantazhi-jahonii-gaz-omodagi-1061480000.html
https://sputnik.tj/20240126/intikhob-shudani-tramp-rusiya-khabar-1061403584.html
има
ховари миёна
эрон
яман
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059538288_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1946f6036c7ce4cab73317f8399fad00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, ховари миёна, эрон, яман, ҷанг, сутуннигор
има, ховари миёна, эрон, яман, ҷанг, сутуннигор
Дар остонаи ҷанги хунин: ИМА дар Шарқи Наздик андаруни тӯфон мемонад
Бино ба иттилои The Guardian, Эрон тавассути миёнаравҳо ба Иёлоти Муттаҳида паёме расонд, ки агар Вашингтон тасмими ҳамла ба қаламрави ин кишварро кунад, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба хоҳад зад.
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik, Давид Нармания. Намояндаи доимии Теҳрон дар СММ Амир Саид Иравонӣ ин хабарро расман рад карда гуфт, ки пас аз ҳамла ба пойгоҳи Амрико ҳеҷ иртиботе миёни ду кишвар вуҷуд надошт. Аммо баъдан ӯ афзуд, ҳар гуна ҳамла ба Эрон беҷазо нахоҳад монд. Ва ин бешубҳа раддияе нест, ки пас аз он дар Коҳи Сафед метавонанд нафаси сабук кашанд.
Чӣ тавр Вашингтон ба хати бениҳоят тунуке наздик шуд, ки онро аз муноқишаи навбатӣ ҷудо мекунад? Сабаби расмӣ ҳамла ба як пойгоҳи амрикоӣ дар Ховари Миёна буд, ки дар натиҷа се сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Чунин ҳамлаҳо дар минтақа як ҳодисаи маъмулӣ аст, дар давоми моҳҳои охир садупанҷоҳ ҳодисаи ба ин монанд рух дода, беш аз сад амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд. Аммо то рӯзи якшанбеи гузашта талафоти ҷонӣ набуд.
Аммо, вақте ки хун рехта шуд, бисёре аз сиёсатмадорон дар Вашингтон гирифтани интиқомро талаб карданд, ки аз зарбазании мушакӣ то ҳамлаи ҳамаҷонибаи заминӣ иборат буд.
Ва дар Коҳи Сафед дудила шуда, котиби матбуот Карин Жан-Пйерро маҷбур карданд, ки баромад кунад, аммо вай фақат чизеро дар руҳияи "ҳамдардӣ ба оилаҳои онҳое, ки барои маъмурияти мо ҷангиданд" гуфт, ки он боиси ҷанҷоли дигар гашт.
Он гоҳ устоди дигари барҷастаи сухан, худи Ҷозеф Байден маҷбур шуд, ки узрҳо пеш барад. Ва президенти ИМА комилан шаффоф ба ҳама "уқобон" ишора кард, ки орзуҳои онҳо беҳуда аст. "Фикр намекунам, ки мо дар Шарқи Наздик ба ҷанги васеъмиқёс ниёз дорем. Ин чизе нест, ки ман меҷӯям." Аммо ӯ ваъда дод, ки бо ҳамлагарон ҳисобро баробар мекунад. Сабабҳои худдорӣ фаҳмост.
Аввалан, саволҳо дар бораи ҳамла ба кадом пойгоҳи Амрико вуҷуд доранд: Вашингтон исрор дорад, ки сухан дар бораи пойгоҳи “Бурҷи 22” воқеъ дар Урдун меравад, аммо худи Урдун иддао дорад, ки ҳамла ба пойгоҳи хеле наздик, вале аллакай дар қаламрави Сурия ҷодошта, пойгоҳи Ал- танф рух додааст.
Ва дар ин ҷо, албатта, фарқияти куллӣ вуҷуд дорад, дар Урдун, иншооти амрикоӣ дар доираи шартномаи дуҷониба ҷойгиранд, бинобар ин, аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ Иёлоти Муттаҳида ҳақ дорад, ки худро дифоъ кунад. Дар Сурия бошад, амрикоиҳо бе ягон иҷозат бо хоҳиши худ қарор доранд, аз ин рӯ, ҳамлаҳоро аз ҳар тараф (Теҳрон иддао дорад, ки дар ҳодисаи рухдода ширкат надошт) ҳамчун таҷовуз муаррифӣ кардан мушкил аст.
Ва ин танҳо қуллаиайсберг аст. Вашингтон метарсад, ки иқрор шавад, ки ба ҷанг бо Эрон омода нест. Дар тӯли 80 соли охир Иёлоти Муттаҳида рақиби мустақими низомии ин дараҷаро надошт: кишвари 90 миллионнафара, ки дар тӯли 45 соли таҳримот тавонист тавлиди силоҳи худро дар соҳаҳои пешрафта таҳия кунад (чунончи бесарнишинҳо ва мушакҳои гиперсадо), як шабакаи пешрафтаи зертобеъро дар тамоми минтақа ва артиши пурқувватро парвариш кардаст,ин воқеан рақибест, ки аз ӯбояд тарсид.
На Афғонистон ва на Ироқ ин гуна зарфият надоштанд, аммо ҳатто дар ин кишварҳо корҳо барои Иёлоти Муттаҳида ончунон базеб набуданд, ки Кохи Сафед қаблан ба нақша гирифта буд. Вазъияти умумӣ дар Ховари Миёна ба сари амрикоиҳо мушкилоти иловагӣ зам мекунад, илова бар ҳамлаҳои қариб ҳамарӯза ба пойгоҳҳои низомӣ, киштиҳои тиҷоратӣ ва ҷангӣ дар Баҳри Сурх таҳти таҳдид аз ҷониби Ҳусиёни Яман қарор доранд.
Ансоруллоҳ, бо вуҷуди идомаи тирборони Яман, идомаи талаби хатми ҷанг дар навори Ғаззаро дорад. Аҷиб аст, ки Амрико, ки ҳамон Яманро бомбборон мекунад, низ талаббори хатми ҷанг дар навори Ғазза аст ва саъй дорад болои сарвазири Исроил Нетаняҳу фишор оварад. Ӯ бошад дар навбати худ такрор мекунад, ки амалиёти “шамшерҳои оҳанин” то пирӯзӣ анҷом дода мешавад.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки Нетаняҳу тақрибан дарҳол пас аз музокироти раиси Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ) Уилям Бернс бо намояндагони Исроил, Миср ва Қатар дар Порис чунин суханронӣ кард, ки баъд аз он расонаҳо дар бораи имкони оташбас миёни Телавив ва Ҳамос гузориш доданд.
Ва аслан дарҳол пас аз он, ки Нетаняҳу беэътиноии намоишкоронаи худро ба Вашингтон нишон дод, мақолаи Бернс дар маҷаллаи амрикоии "Foreign Affairs" нашр шуд, ки дар қатори дигар масоил қайд шудааст, ки калиди амнияти Исроил ва минтақа ин равобит бо Эрон аст. Барои Телавив як ишораи шаффофтар пайдо кардан душвор аст.
Бояд иброз дошт, ки дар Эрон низ, аз афти кор, ба ин мақола таваҷҷӯҳ дода шудааст. Яке аз фаъолтарин гурӯҳҳои тарафдори эронӣ “Катаиб Ҳизбуллоҳ”, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Амрикоро ташкил кардааст, эълон кард, ки танаффуси муваққатӣ мегирад.
Акнун навбатиВашингтон мемонад, ки аз як тараф, вазифадор аст дар худи Иёлоти Муттаҳида нишон диҳад, ки қотилони аскарони Амрико аз интиқом нахоҳанд гурехт, аз тарафи дигар, ба ҷанг роҳ надиҳад, ки метавонанд барояш бори гарон гардад.