https://sputnik.tj/20240201/somoni-garon-asor-mamul-kohish-qurb-asor-tojikiston-1061496998.html
Сомонӣ гаронтару арзҳои маъмул коҳиш ёфтанд: қурби асъор дар Тоҷикистон
Сомонӣ гаронтару арзҳои маъмул коҳиш ёфтанд: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби асъорҳои маъмул-рубли русӣ, доллар ва евро дар баробари пули миллӣ - сомонӣ устувории худро каме аз даст додаанд
2024-02-01T09:43+0500
2024-02-01T09:43+0500
2024-02-01T09:53+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/74/1029787410_1:0:3000:1687_1920x0_80_0_0_8b8e39a5ef333ea96f7a45cbe7fa9dd0.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ поин рафта, то 122,2 сомонӣ барои 1000 рубл расид.Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 125,5 ва дар оғози сол то 123 сомонӣ қимат дошт.Қурби доллар доллар низ пас аз гаронии тадриҷӣ коҳиш ёфт. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро имкон дошт ба 10,9592 сомонӣ ва ҳоло 10,9581 сомонӣ харид.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.8830 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 11.8853 сомонӣ қимат дошт.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9581 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.8830 то 12.1000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 122,2 то 1240 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20240125/maskav-idm-davat-iiao-pardokh-pul-milli-afzoish-1061396289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/74/1029787410_376:0:2625:1687_1920x0_80_0_0_fa0f3a77d7527f2e2a2b312730e8817e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сомонӣ гарон асъор маъмул коҳиш қурб асъор тоҷикистон
сомонӣ гарон асъор маъмул коҳиш қурб асъор тоҷикистон
Сомонӣ гаронтару арзҳои маъмул коҳиш ёфтанд: қурби асъор дар Тоҷикистон
09:43 01.02.2024 (Навсозишуда: 09:53 01.02.2024) Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби асъорҳои маъмул-рубли русӣ, доллар ва евро дар баробари пули миллӣ - сомонӣ устувории худро каме аз даст додаанд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ поин рафта, то 122,2 сомонӣ барои 1000 рубл расид.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 125,5 ва дар оғози сол то 123 сомонӣ қимат дошт.
Қурби доллар доллар низ пас аз гаронии тадриҷӣ коҳиш ёфт. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро имкон дошт ба 10,9592 сомонӣ ва ҳоло 10,9581 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.8830 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 11.8853 сомонӣ қимат дошт.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9581 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.8830 то 12.1000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 122,2 то 1240 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.