https://sputnik.tj/20240125/maskav-idm-davat-iiao-pardokh-pul-milli-afzoish-1061396289.html
Маскав аз ИДМ даъват кард, ки мисли ИИАО пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад
Маскав аз ИДМ даъват кард, ки мисли ИИАО пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тадбирҳои афзалиятноки рафъи маҳдудиятҳо аз таҳримҳои Ғарб гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд
2024-01-25T15:21+0500
2024-01-25T15:21+0500
2024-02-03T12:05+0500
ииао
иқтисод
пули миллӣ
идм
ҳисоббаробаркунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_0:170:3252:1999_1920x0_80_0_0_33e5b055f5803c8f8f890e9fe8129b9f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зарур аст, ки ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллиро дар тиҷорат зиёд кунанд. Чунин чораҳо бояд дар мисоли ИИАО дар пасманзари таҳримҳои Ғарб андешида шаванд.Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин дар Минск зимни нишасти намояндагони доимии ИДМ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти аввалиндараҷаи рафъи маҳдудиятҳо гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд. Вай қайд кард, ки тадбирҳои андешидашуда натиҷа медиҳанд ва масалан, дар ИИАО дар давоми 10 моҳи соли гузашта ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аллакай аз 90% гузаштааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар солҳои 2020-2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 4,1% афзуда, ба 2,2 триллион доллар расидааст. Чунончи, истеҳсоли маҳсулоти саноат 8,3%, аз он ҷумла дар саноати маҳсулоттайёркунӣ 5,7% афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 11,8% афзуд.
https://sputnik.tj/20240124/narkhhoi-istemoli-qalamrav-iiao-taghyir-omor-1061387963.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_436:0:3167:2048_1920x0_80_0_0_03042337c40d97df6ef1ec52329d8b7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав идм ииао пардохт пул афзоиш
маскав идм ииао пардохт пул афзоиш
Маскав аз ИДМ даъват кард, ки мисли ИИАО пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад
15:21 25.01.2024 (Навсозишуда: 12:05 03.02.2024) Тадбирҳои афзалиятноки рафъи маҳдудиятҳо аз таҳримҳои Ғарб гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зарур аст, ки ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллиро дар тиҷорат зиёд кунанд.
Чунин чораҳо бояд дар мисоли ИИАО дар пасманзари таҳримҳои Ғарб андешида шаванд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин дар Минск зимни нишасти намояндагони доимии ИДМ изҳор дошт.
"Тадбирҳои Ғарб ба таври ҷиддӣ кӯшиш мекунанд, ки ин соҳаро халалдор кунанд (пардохтҳои содиротӣ - воридот - таҳ), ин ба таҷдиди инфрасохтори пардохти мо, ҷорӣ кардани механизмҳои нави пардохт оварда расонд",- гуфт Панкин.
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти аввалиндараҷаи рафъи маҳдудиятҳо гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд.
Вай қайд кард, ки тадбирҳои андешидашуда натиҷа медиҳанд ва масалан, дар ИИАО дар давоми 10 моҳи соли гузашта ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аллакай аз 90% гузаштааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар солҳои 2020-2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 4,1% афзуда, ба 2,2 триллион доллар расидааст.
Чунончи, истеҳсоли маҳсулоти саноат 8,3%, аз он ҷумла дар саноати маҳсулоттайёркунӣ 5,7% афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 11,8% афзуд.