https://sputnik.tj/20240131/bonki-islomii-rushd-bakhshi-maorif-tojikiston-qarz-1061482111.html
Бонки Исломии Рушд барои рушди бахши маориф ба Тоҷикистон қарз медиҳад
Бонки Исломии Рушд барои рушди бахши маориф ба Тоҷикистон қарз медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши созишномаҳои ба имзо расида миёни мақомоти Тоҷикистон ва Бонки Исломии рушд барои рушди соҳаи маориф 70 млн долларро ташкил медиҳад
2024-01-31T08:59+0500
2024-01-31T08:59+0500
2024-01-31T10:18+0500
дар тоҷикистон
созишнома
имзо созишнома
вазорати молия
бонк
маориф
қарздиҳӣ
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1f/1061481946_0:17:601:355_1920x0_80_0_0_5b8a2ef0c0f98117e839658ca2e79ece.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд чаҳор созишнома дар бахши рушди соҳаи маориф ба имзо расид.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати молияи кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо созишномаи қарзӣ, созишномаи грантии кумаки техникӣ, созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи "Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" ба имзо расид.Созишномаҳоро дар Вазорати молияи кишвар вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ба имзо расониданд.Мақсади маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи "Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф"- ин мусоидат баҳри беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.Арзиши созишномаҳо 70 млн долларро ташкил намуда, 45 млн доллар аз ҳисоби маблағҳои қарзии имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ва 25 млн доллар аз ҳисоби гранти Фонди Шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот, ки тавассути Бонки Исломии Рушд маъмурӣ кунонида мешавад, маблағгузорӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20230713/bonkho-tojikiston-milliard-somon-qarz-1058241562.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1f/1061481946_0:0:601:450_1920x0_80_0_0_e3187c6a22792dfccfd919888e4cf369.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати молия, рушд, соҳаи молия, бонки исломии рушд, маориф
тоҷикистон, вазорати молия, рушд, соҳаи молия, бонки исломии рушд, маориф
Бонки Исломии Рушд барои рушди бахши маориф ба Тоҷикистон қарз медиҳад
08:59 31.01.2024 (Навсозишуда: 10:18 31.01.2024) Арзиши созишномаҳои ба имзо расида миёни мақомоти Тоҷикистон ва Бонки Исломии рушд барои рушди соҳаи маориф 70 млн долларро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд чаҳор созишнома дар бахши рушди соҳаи маориф ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати молияи кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо созишномаи қарзӣ, созишномаи грантии кумаки техникӣ, созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи "Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" ба имзо расид.
Созишномаҳоро дар Вазорати молияи кишвар вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ба имзо расониданд.
Мақсади маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи "Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф"- ин мусоидат баҳри беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.
Арзиши созишномаҳо 70 млн долларро ташкил намуда, 45 млн доллар аз ҳисоби маблағҳои қарзии имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ва 25 млн доллар аз ҳисоби гранти Фонди Шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот, ки тавассути Бонки Исломии Рушд маъмурӣ кунонида мешавад, маблағгузорӣ мегардад.