https://sputnik.tj/20230713/bonkho-tojikiston-milliard-somon-qarz-1058241562.html
Бонкҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз додаанд
Бонкҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз додаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 9,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб якуним баробар зиёд аст
2023-07-13T12:29+0500
2023-07-13T12:29+0500
2023-07-13T12:29+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
қарздиҳӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Низоми бонкии Тоҷикистон дар аз январ то июни соли 2023 ба маблағи беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз дод. Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ зимни ҷаласа - ҷамъбасти кори бонкҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 хабар дод. Аз ҷумла, ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 9,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллиард сомонӣ ё қариб якуним баробар зиёд мебошад. Дар робита ба ин Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки татбиқи ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди афзоиши пешниҳоди қарз ба шаҳрвандон чораҳои иловагиро тақозо мекунад. Вай аз ҷумла афзоиши теъдоди филлиалҳои бонкӣ, коҳиши мизони фоиз ва роҳандозии хадамоти нави электрониро ном бурд. Ёдовар мешавем, тавре намояндагони Амонатбонк қайд карданд, дар 12 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 51 нафар аз қарзи ипотекӣ ба маблағи умумии 10,7 миллион сомонӣ истифода кардаанд.
https://sputnik.tj/20230713/rais-bmt-rushd-iqtisod-mmd-i-tojikiston-1058240407.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонкҳо тоҷикистон 9 миллиард сомон қарз
бонкҳо тоҷикистон 9 миллиард сомон қарз
Бонкҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз додаанд
Ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 9,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб якуним баробар зиёд аст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Низоми бонкии Тоҷикистон дар аз январ то июни соли 2023 ба маблағи беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз дод.
Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ зимни ҷаласа - ҷамъбасти кори бонкҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 хабар дод.
Аз ҷумла, ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 9,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллиард сомонӣ ё қариб якуним баробар зиёд мебошад.
Дар робита ба ин Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки татбиқи ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди афзоиши пешниҳоди қарз ба шаҳрвандон чораҳои иловагиро тақозо мекунад.
Вай аз ҷумла афзоиши теъдоди филлиалҳои бонкӣ, коҳиши мизони фоиз ва роҳандозии хадамоти нави электрониро ном бурд.
Ёдовар мешавем, тавре намояндагони Амонатбонк қайд карданд, дар 12 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 51 нафар аз қарзи ипотекӣ ба маблағи умумии 10,7 миллион сомонӣ истифода кардаанд.