“Як миллиард афзуд” – тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар рақамҳо

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРабота морского торгового порта
Работа морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳиссаи кишварҳои ИДМ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 3 млрду 556 млн доллар расидааст, ки дар қиёс бо соли 2022 кам будааст
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2023 дар қиёс бо соли 2022 беш аз як миллиард доллар афзудааст.
Дар ин сол содироти кишвар низ болоравии беш аз 300 млн доллариро нишон медиҳад.
Бино ба оморе, ки аз мақомоти гумрук ва омори Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба беш аз 8,3 млрд доллар расидааст, ки дар қиёс бо соли 2022 (беш аз 7,3 млрд доллар) 13,9% зиёд аст.
Содироти маҳсулоти кишвар дар ин сол зиёда аз 2,4 млрд долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли гузашта (беш аз 2,1 млрд доллар) 14,3% зиёд аст.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Тиҷорати Тоҷикистон бо Толибон* – арқому воқеиятҳо
Воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон низ дар ин сол афзуда, беш аз 5 млду 880 млн долларро ташкил мекунад, ки дар муқоиса бо соли 2022 (беш аз 5,1 млрд доллар) 13,8% бештар аст.
Ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 ба беш аз 3 млрду 556 млн доллар ё 42,7% расидааст, ки дар қиёс бо соли 2022 (3 млрду 870 млн доллар) 8,1% кам аст.
Содирот ба кишварҳои ИДМ ба беш аз 551 млн доллар ё 27,6% дар муқоиса бо соли 2022 (зиёда аз 761 млн доллар) пойин омада, саҳми онҳо дар содироти Тоҷикистон 22,5% аст.
Ҳамчунин воридот аз кишварҳои ИДМ болотар аз 3,4 млрд доллар ё 3,4% дар қиёс бо соли пешӣ (3,1 млрд доллар) коҳиш ёфтааст.
Бо ин ҳол, бештарини маҳсулоти воридотии Тоҷикистон - 51,1% - ба кишварҳои ИДМ рост меояд.
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Мақомоти Эрон ният дорад тиҷорат бо Тоҷикистонро ба 500 млн доллар бирасонад
Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷаи дур дар соли 2023 ба наздики 4,8 млрд доллар баробар шудааст, ки 57,3% воридоти кишварро ташкил мекунад ва дар қиёс бо соли 2022 (зиёда аз 3,4 млрд доллар) 38,8% зиёд шудааст.
Содирот ба кишварҳои хориҷи дур наздик ба 1,9 млрд доллар ё 77,5% - и кулли содироти Тоҷикистонро ташкил мекунад ва дар қиёс бо соли 2022 (наздик ба 1,4 млрд доллар) 37,4% афзудааст.
Воридот низ зиёда аз 2,8 млрд доллар (48,9% -и кулли воридот) – ро ташкил карда, дар қиёс бо соли пешӣ (ҳудуди 2,6 млрд доллар) 39,7% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0