Мақомоти Эрон ният дорад тиҷорат бо Тоҷикистонро ба 500 млн доллар бирасонад

© iStock.com \ Alexis84Флаги Ирана и Таджикистана
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Обуна шудан
Мақомоти Эрон гуфт, ки бар асоси ҳадафгузории сӯратгирифта тиҷорати ду кишвари Ҷумҳурии исломӣ ва Тоҷикистон бояд ба 500 млн доллар афзоиш пайдо кунад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Мудири кулли дафтари Осиёи Миёнаи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар ҳамоиши муаррифии зарфиятҳои сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон изҳор кард, дар ҳафт моҳи имсол ҳудӯди 133 млн доллар колои ғайри нафтӣ ба Тоҷикистон содир шудаааст, иттилоъ додааст ИСНА.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда рушди ҳудуди 75% дар муқоиса бо муддати мушобеҳи сол гузаштааст.
Воридоти Эрон аз Тоҷикистон ҳам бо коҳиши ҳашт дарсадӣ ба 35 млн доллар расидааст.
Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш изҳор кард, тиҷорати ду кишвар дар даврае ҳатто ба 500 миллион доллар ҳам расидааст.
Аммо тайи солҳои гузашта шоҳиди уфули равобити ду кишвар будему ҳоло мушкилоти қаблӣ ҳал шуда ва шоҳиди густариши таъомулоти тиҷории ду кишвар ҳастем.
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Содироти Эрон ба Тоҷикистон 75% афзоиш ёфт
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам дар ин ҳамоиш бо ишора ба беҳбуди таъомулоти тиҷории ду кишвар тайи се соли гузашта, тасреҳ кард, тиҷорати ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар давлати сездаҳуми Эрон то 5 баробар афзоиш ёфта ва ин ҳосили иродаи ду кишвар бар афзоиши муносиботи тиҷорӣ аст.
Зоҳидӣ гуфт, ду кишвари ҳамзабон аз зарфиятҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақлу ғайра бархӯрдор ҳастанд, ки ҳануз аз ин мавқеъиятҳо баҳрабардории лозим сӯрат нагирифтааст.
Вай ҳамчунин саноати доруӣ, маъданӣ ва нерӯгоҳиро аз саноати ҷаззоб дар Тоҷикистон унвон кард ва гуфт, ба дунболи ин ҳастем, ки кишвари худро ба як кишвари саноатӣ табдил кунем. Барои расидан ба ин ҳадаф ба сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтае мисли Эрон ниёз дорем.
Зоҳидӣ ҳамчунин бо баёни ин ки дар Тоҷикистони 600 маъдани кашф шуда вуҷӯд дорад, ки танҳо 50 то 60 мавриди онҳо мавриди истифода қарор гирифта, идома дод, кишвари мо зарфиятҳои бисёре дар ин ҳавза дорад ва ҷои холии ҳузури сармоягузорону мутахассисони Эрон дар ин бахш эҳсос мешавад.
Лентаи хабарҳо
0