https://sputnik.tj/20240127/muzokirot-shashruza-hayat-tojikiston-qirghiziston-sughd-1061416361.html
Музокироти шашрӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд поён ёфт: тафсилот
Музокироти шашрӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд поён ёфт: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо ширкат карда, он дар фазои дӯстӣ гузаштааст
2024-01-27T11:55+0500
2024-01-27T11:55+0500
2024-01-27T12:07+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марзи тоҷикистону қирғизистон
марзи муштарак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд.Ба гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он дар асоси мувофиқаи бадастомадаи рӯзҳои 21-27 январи соли 2024 дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон доир шуд.Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои саҳроӣ баргузор намудаанд.Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо ширкат кардаанд.Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар доираи музокироти шашрӯза дар вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид.Дар дидор онҳо ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо оид ба тақсимоти марз, барои идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои дахлдор доданд.Ёдовар мешавем, ки дар гуфтушуниди гузашта, ки дар ҳудуди Бодканд анҷом шуда буд, ҷонибҳо беш аз 38 км марзро мувофиқа карданд.Тарафҳо қайд карда буданд, ки корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мешавад, идома хоҳанд дод.Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид.Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20231205/tojikiston-qirghiziston-taqsim-marz-muvofiqa-1060729479.html
https://sputnik.tj/20231108/tavofuq-tojikiston-qirghiziston-qismat-marz-1060370253.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот шашрӯза ҳайатҳо тоҷикистон қирғизистон суғд
музокирот шашрӯза ҳайатҳо тоҷикистон қирғизистон суғд
Музокироти шашрӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд поён ёфт: тафсилот
11:55 27.01.2024 (Навсозишуда: 12:07 27.01.2024) Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо ширкат карда, он дар фазои дӯстӣ гузаштааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд.
Ба гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он дар асоси мувофиқаи бадастомадаи рӯзҳои 21-27 январи соли 2024 дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон доир шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои саҳроӣ баргузор намудаанд.
"Ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд",- афзудааст манбаъ.
Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо ширкат кардаанд.
Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи музокироти шашрӯза дар вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар дидор онҳо ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо оид ба тақсимоти марз, барои идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои дахлдор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар гуфтушуниди гузашта, ки дар ҳудуди Бодканд анҷом шуда буд, ҷонибҳо беш аз 38 км марзро мувофиқа карданд.
Тарафҳо қайд карда буданд, ки корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мешавад, идома хоҳанд дод.
Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид.
Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.