https://sputnik.tj/20231108/tavofuq-tojikiston-qirghiziston-qismat-marz-1060370253.html
Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди як қисмати дигари марз
Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди як қисмати дигари марз
Sputnik Тоҷикистон
Музокироти навбатии гуруҳи топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид
2023-11-08T14:04+0500
2023-11-08T14:04+0500
2023-11-08T14:04+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
мулоқот
гуфтушунид
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҷаласаи гурӯҳҳои кории байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи муштарак тӯли як ҳафта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, афзуданд, ки дар ин дидор ҷонибҳо барои муайяннамоии 17, 98 км хати сарҳад ба мувофиқа расидаанд. "Ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ давоми рӯзҳои 1 – 8 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи ба номи “Абуқодир Ҷабборзода”- и шаҳри Бӯстон сурат гирифт”- гуфт манбаъ. Тибқи иттилоъи ин ниҳод дар мулоқоти навбатӣ ба ҳисоби масъулони дахлдор ҳамчунин намояндагони Кумитаи заминсозии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Манобеъ аз ҷараёни баргузории кори гурӯҳҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тафсилоти бештар ироа накарданд, вале изҳор намуданд, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ сурат гирифтааст. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20231028/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-marz-1060200089.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, мулоқот, дӯстӣ
тоҷикистон, қирғизистон, марз, мулоқот, дӯстӣ
Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди як қисмати дигари марз
Эксклюзив
Музокироти навбатии гуруҳи топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҷаласаи гурӯҳҳои кории байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи муштарак тӯли як ҳафта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, афзуданд, ки дар ин дидор ҷонибҳо барои муайяннамоии 17, 98 км хати сарҳад ба мувофиқа расидаанд.
"Ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ давоми рӯзҳои 1 – 8 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи ба номи “Абуқодир Ҷабборзода”- и шаҳри Бӯстон сурат гирифт”- гуфт манбаъ.
Тибқи иттилоъи ин ниҳод дар мулоқоти навбатӣ ба ҳисоби масъулони дахлдор ҳамчунин намояндагони Кумитаи заминсозии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.
Манобеъ аз ҷараёни баргузории кори гурӯҳҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тафсилоти бештар ироа накарданд, вале изҳор намуданд, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ сурат гирифтааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.