Сомонӣ дар баробари асъори калидии хориҷӣ гаронтар шуд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
Обуна шудан
Арзиши пули миллии Тоҷикистон дар бозори арзи ҷумҳурӣ дар баробари се асъори калидии хориҷӣ рӯй ба устуворшавӣ ниҳодааст, иттилоъ дод Бонки миллӣ
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қурби доллар, евро ва рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Бонки миллии кишвар, як ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдӣ ба 124,6 сомонӣ баробар аст, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл 0,6 сомонӣ камтар аст.
Инчунин доллари ИМА - 10,9505 сомонӣ ва евро - 11,9141 сомонӣ нарх доранд, ки ҳардуяшон рӯзҳои охир тамоюли коҳиши қурбро нигоҳ дошта истодаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои молиявии кишварро эълон намудаст, ки бар асоси он ҳазор рубли Русия аз 124,6 то 125,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Председатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2024
Собиқ бонкдор ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон шуд: Тафсилоти тағйирот дар бахши бонкӣ
Нархи 1 доллари ИМА аз 10.9505 то 10.9300 сомонӣ ва 1 евро аз 11.9141 то 12.07 сомонӣ муқаррар шудаст.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0