Собиқ бонкдор ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон шуд: Тафсилоти тағйирот дар бахши бонкӣ

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПредседатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким
Председатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2024
Обуна шудан
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо муовинҳояш ва раёсати калонтарин бонки давлатии кишвар "Амонатбонк" бо дастури раисҷумҳур иваз карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, аз мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор ва ба мақоми муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои Холиқзода ба мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода таъйин шуд, ки то ҳол муовини аввали раиси ин бонк буд.
Бар асоси фармони дигар, Шарифзода Фирӯз Ҳумдин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон гардид.
Инчунин Икромӣ Сироҷиддин Салом мақоми муовини раиси Бонки миллиро гирифт. Вай то ҳол раиси "Амонатбонк", калонтарин бонки давлатии ҷумҳурӣ буд.
Денежные купюры и смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2023
Русия интиқолро бо истифода аз низоми пардохти зуд ба Тоҷикистон оғоз кард
Ба вазифаи раиси “Амонатбонк” ба ҷои Сироҷиддин Икромӣ, ба ҳайси раиси КВД "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" Салимзода Алиҷон Абдуҷалол таъин шуд. Салимзода то ҳол муовини раиси Бонки миллӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки Сироҷиддин Икромӣ дар гузашта низ дар вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардаст.
Таъйинот дар ҳоле сурат гирифтанд, ки курсии муовини якуми сарвазири Тоҷикистон ахиран расман холӣ шуд. Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири муштараки ду палата фармони президент барои барканории Давлаталӣ Саидро ҷонибдорӣ кард.
Амалан президент Давлаталӣ Саидро аз ин мақом моҳи январи соли гузашта барканору ба мақоми раиси Хатлон таъйин карда буд. Аммо расман охири декабр фармон таъйид шуд.
Лентаи хабарҳо
0