Президент қарори боло бурдани маошу нафақаро имзо кард: Аз кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи ба андозаи 40% зиёд карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд, хабар додааст котиботи президент.
Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда гардид.
Минимальные пенсии в странах Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Нафақаи камтарин дар Осиёи Марказӣ дар кадом кишвар аст
Инчунин бар асоси фармон, 1 июли соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Тибқи фармон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40% зиёд гардид.
Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 40% зиёд карда шуд.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
Таъкид шудаст, ки ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷа, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин карда шавад.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2023
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон аз ним миллиард гузашт
Гуфта мешавад, мақомоти маҳаллӣ барои иҷрои ин кор то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 аз қабули буҷетҳои иловагӣ худдорӣ намуда, барзиёдии даромади буҷети маҳаллиро сарфа ва мақсаднок барои пардохти зиёдшавии музди меҳнат равона намоянд.
Раисҷумҳур ба вазорату идораҳои марбута дастур додааст, ки фармонро иҷро ва дар ҳолати зарурат тартибу дастурамалҳои худро оид ба пардохти музди меҳнат бо дарназардошти зиёдшавии он дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0