Нафақаи камтарин дар Осиёи Марказӣ дар кадом кишвар аст

Обуна шудан
Бар асоси пешниҳоди президент, андозаи нафақаи заминавӣ 20%, нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, зиёд карда шуданд
Аз 1 июл дар Тоҷикистон нафақа, стипендия ва ҳамчунин маоши омӯзгорон, олимон ва табибон индексатсия карда мешавад.
Фармони дахлдорро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат моҳи феврали соли ҷорӣ имзо кард.
Аз ҷумла, нафақаи асосӣ 250 сомонӣ (ҳудуди 23$) ва стипендияи донишҷӯён то 200 сомонӣ (ҳудуди 18,5 $) боло хоҳад рафт. Аммо ин тадбир ба пардохтҳои президент таъсир намерасонад.
Дар Тоҷикистон нафақа ва стипендия 20% баланд шуд
Чунин индексатсияи маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ интизор аст, ки онҳо 20% зиёд карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи феврал раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2023 ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо кард.
Сарвари давлат ба ҳукумат дастур дод, ки иҷрои онро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин намояд.
Лентаи хабарҳо
0