https://sputnik.tj/20231126/khazina-zakhiravi-prezident-tojikiston-1060612127.html
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон аз ним миллиард гузашт
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон аз ним миллиард гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки мувофиқи салоҳдиди роҳбари кишвар харҷ мешаванд, соли оянда 68 млн сомонӣ бештар мешаванд
2023-11-26T17:01+0500
2023-11-26T17:01+0500
2023-11-27T12:29+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
фонди президенти тоҷикистон
пул
ҳаҷм
қонун
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/17/1060586173_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_2d61354d915f7ca2fe64eca81dead599.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли 2024 ба маблағи зиёда аз 563 млн сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нукта дар қонун дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда таъкид шудаст, ки аз 1 январ мавриди амал қарор мегирад. Ҳаҷми маблағи Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли оянда дар қиёс бо соли равон 68 млн сомонии дигар афзоиш меёбад. Соли равон ин нишондод беш аз 495 млн сомониро ташкил медиҳад. Фонди захиравии раисҷумҳур барои соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ ва соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ муқаррар гардида буд.Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд.Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад.Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20231126/khizmat-pulaki-tojikiston-garontar-1060610913.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/17/1060586173_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_06f3bdfaad6fad0f50c7bb4822cd4c58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пул, фонд, захира, президент, тоҷикистон
пул, фонд, захира, президент, тоҷикистон
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон аз ним миллиард гузашт
17:01 26.11.2023 (Навсозишуда: 12:29 27.11.2023) Ҳаҷми маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки мувофиқи салоҳдиди роҳбари кишвар харҷ мешаванд, соли оянда 68 млн сомонӣ бештар мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли 2024 ба маблағи зиёда аз 563 млн сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нукта дар қонун дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда таъкид шудаст, ки аз 1 январ мавриди амал қарор мегирад.
Ҳаҷми маблағи Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли оянда дар қиёс бо соли равон 68 млн сомонии дигар афзоиш меёбад. Соли равон ин нишондод беш аз 495 млн сомониро ташкил медиҳад.
Фонди захиравии раисҷумҳур барои соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ ва соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ муқаррар гардида буд.
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд.
Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.
Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад.
Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.