Рубл гарону сомонӣ арзон шуд: Қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкРубли и доллары
Рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2024
Обуна шудан
Дар бозори молии Тоҷикистон қурби рубли русӣ устувории худро дар баробари асъори миллӣ - сомонӣ дар ҳоли мустаҳкам кардан аст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифро эълом кард.
Тибқи нишондоди ҷадвали танзимкунандаи қимати арзҳо , рубл дар бозори асъори Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза устувор шудааст.
Ҳамин тариқ, 1000 рублро акнун ба 122,6 сомонӣ иваз кардан мумкин аст. Ин назар ба як рӯзи пеш 0,7 сомонӣ бештар аст.
Доллар низ ба таври ночиз афзоиш меёбад. Рӯзи 11 январ пули амрикоӣ 0,0016 сомонӣ афзоиш ёфта, ҳоло ба 10,9528 баробар шудааст.
Пули аврупоӣ ҳам гаронтар шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон як евро 11,9867 сомонӣ арзиш дорад. Ин назар ба як рӯзи пеш 0,0159 сомонӣ бештар аст.
Интервью главы МИД РФ С. Лаврова России 24 и РИА Новости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Лавров: Доллар ба василаи тағйири режим табдил мешавад
БМТ ҳамзамон нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9528 то 10.9800 сомонӣ, 1 евро аз 11.9867 то 12.1200 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 122,6 то 124 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0