https://sputnik.tj/20240110/putin-mud-serfarzandi-rusiya-1061220869.html
Путин мӯд шудани серфарзандиро дар Русия хурсандиовар хонду сабукиҳои нав ваъда кард
Путин мӯд шудани серфарзандиро дар Русия хурсандиовар хонду сабукиҳои нав ваъда кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия натиҷаи омӯзишҳои афкори умумро ёдовар шуд, ки тибқи он 60%-и мардон ва 70%-и занон мехоҳанд ду ва зиёда фарзанд дошта бошанд
2024-01-10T17:18+0500
2024-01-10T17:18+0500
2024-01-10T17:18+0500
дар русия
владимир путин
имтиёз
сабукӣ
модар
фарзанд
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1c/1061096353_0:0:2994:1685_1920x0_80_0_0_d2c173e90dc8557a465fd31ff236edd5.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Оилаҳои серфарзанд дар Русия мӯд шуда истодаанд ва ин шодиовар аст, изҳор дошт президент Владимир Путин дар мулоқот бо фаъолон дар музофоти Чукотка. "Хуб аст, ки шумо соҳиби панҷ фарзанд ҳастед, ки ин хеле хуб аст ва мо ҳама шуморо табрик мекунем. Хушхабари дигар ин аст, ки серфарзандӣ мӯд шуда истодааст", - изҳор дошт Путин дар Анадир. Путин аз натоиҷи назарсанҷиҳои афкори умум дар соли 2022 ёдовар шуд, ки тибқи он 60%-и мардон ва 70%-и занон дар Русия мехоҳанд, ки ду ё бештар аз он фарзанд дошта бошанд."Ин муносибат ба оилаи серфарзанд пайваста мустаҳкамтар мешавад. Ва албатта, дар ин замина дастгирии чунин оилаҳо аз ҷониби давлат хеле муҳим аст", - гуфт президент. Путин ёдовар шуд, ки давлат ин корро мекунад ва ипотекаи арзону сабукиҳои андозӣ барои оилаҳои серфарзандро зикр намуд. Ба гуфтаи ӯ бастаи сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз андоз аз даромад, агар оилаҳои серфарзанд барои беҳбуди вазъи иҷтимоӣ чизеро мефурӯшанд, низоми ягонаи андозбандии модарон то 18-солагии фарзанд ва ғайраро фаро мегирад. Дар зимн вай пешниҳод барои истифодаи сармояи модарӣ барои хариди мошинро рад карда, гуфт, дастур медиҳад, то низоми нави имтиёзӣ барои хариди худравҳо барои оилаҳои серфарзанд таҳия карда шавад. Раисиҷумҳур тавзеҳ дод, вай метарсад, ки агар давлат иҷоза диҳад, сармояи модарӣ барои эҳтиёҷоти мухталифи оилаҳо сарф шавад, дар ниҳоят манфиати кӯдаконро кафолат дода наметавонад.
https://sputnik.tj/20240109/sinn-miyona-aholi-iiao-1061202194.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1c/1061096353_263:0:2994:2048_1920x0_80_0_0_fccf2cf5c4430104df57aad19a70a323.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваъда, сабукӣ, серфарзанд, русия, афзоиш
ваъда, сабукӣ, серфарзанд, русия, афзоиш
Путин мӯд шудани серфарзандиро дар Русия хурсандиовар хонду сабукиҳои нав ваъда кард
Раисҷумҳури Русия натиҷаи омӯзишҳои афкори умумро ёдовар шуд, ки тибқи он 60%-и мардон ва 70%-и занон мехоҳанд ду ва зиёда фарзанд дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Оилаҳои серфарзанд дар Русия мӯд шуда истодаанд ва ин шодиовар аст, изҳор дошт президент Владимир Путин дар мулоқот бо фаъолон дар музофоти Чукотка.
"Хуб аст, ки шумо соҳиби панҷ фарзанд ҳастед, ки ин хеле хуб аст ва мо ҳама шуморо табрик мекунем. Хушхабари дигар ин аст, ки серфарзандӣ мӯд шуда истодааст", - изҳор дошт Путин дар Анадир.
Путин аз натоиҷи назарсанҷиҳои афкори умум дар соли 2022 ёдовар шуд, ки тибқи он 60%-и мардон ва 70%-и занон дар Русия мехоҳанд, ки ду ё бештар аз он фарзанд дошта бошанд.
"Ин муносибат ба оилаи серфарзанд пайваста мустаҳкамтар мешавад. Ва албатта, дар ин замина дастгирии чунин оилаҳо аз ҷониби давлат хеле муҳим аст", - гуфт президент.
Путин ёдовар шуд, ки давлат ин корро мекунад ва ипотекаи арзону сабукиҳои андозӣ барои оилаҳои серфарзандро зикр намуд.
Ба гуфтаи ӯ бастаи сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз андоз аз даромад, агар оилаҳои серфарзанд барои беҳбуди вазъи иҷтимоӣ чизеро мефурӯшанд, низоми ягонаи андозбандии модарон то 18-солагии фарзанд ва ғайраро фаро мегирад.
Дар зимн вай пешниҳод барои истифодаи сармояи модарӣ барои хариди мошинро рад карда, гуфт, дастур медиҳад, то низоми нави имтиёзӣ барои хариди худравҳо барои оилаҳои серфарзанд таҳия карда шавад.
Раисиҷумҳур тавзеҳ дод, вай метарсад, ки агар давлат иҷоза диҳад, сармояи модарӣ барои эҳтиёҷоти мухталифи оилаҳо сарф шавад, дар ниҳоят манфиати кӯдаконро кафолат дода наметавонад.