https://sputnik.tj/20240109/sinn-miyona-aholi-iiao-1061202194.html
Синни миёнаи аҳолӣ дар кишварҳои ИИАО чанд аст?
Синни миёнаи аҳолӣ дар кишварҳои ИИАО чанд аст?
Sputnik Тоҷикистон
Миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз нигоҳи синни миёнаи аҳолӣ соли нисбатан боло дар ҳудуди Белорус сабт шудааст, ки беш аз 41-ро ташкил медиҳад
2024-01-09T17:07+0500
2024-01-09T17:07+0500
2024-01-09T17:09+0500
иттиҳод
иҷтимоъ
аҳолӣ
авруосиё
синну сол
миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102198/77/1021987708_0:44:2914:1683_1920x0_80_0_0_ed7c69c62f9ccec0e7c00f29a870d4e5.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бархе омори марбути теъдод, син ва макони истиқомати аҳолиро дар қаламрави кишварҳои иттиҳод нашр кардааст. Аҳолии Қирғизистон аз ҳама ҷавонтарин миёни кишварҳои ИИАО мебошад, ки синни миёнааш ба 28,3 сол баробар аст. Ин нишондод дар Қазоқистон ба 32,1, Арманистон - 37,4, Русия - 40,7, Белорус - 41,2 сол баробар мебошад. Дар умум шумораи аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ҳолати аввали соли гузашта наздики 186 млн нафар ҳисоб шудааст. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳамчунин нишон додааст, ки чӣ қадаре аз аҳолии иттиҳодия пойтахтнишинанд. Аз ҷумла дар Ереван каме бештар аз 1 млн нафар иқомат доранд, ки наздики 37%-и аҳолии Арманистонро ташкил медиҳад. ️Дар Минск қариб 2 млн нафар ё қариби 22% аҳолии Беларус зиндагӣ мекунанд . Сокинони Бишкек 1,1 млн нафаранд, ки беш аз 16% аҳолии Қирғизистон мебошад. Маскав 13,1 млн сокин дорад, ки баробари 9%-и аҳолии Русия аст. ️Дар Остона 1,3 млн нафар қариби 7% аҳолии Қазоқистон зиндагӣ мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар Алмато назар ба пойтахти ҷумҳурӣ аҳолии бештар иқомат доранд.
https://sputnik.tj/20240106/borkashonyi-musofirkashoni-iiao-afzud-1061178087.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102198/77/1021987708_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_59895e69c87e193f3593a9d13f3df3cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
син, миёна, кишварҳо, ииао, авруосиё, белорус
син, миёна, кишварҳо, ииао, авруосиё, белорус
Синни миёнаи аҳолӣ дар кишварҳои ИИАО чанд аст?
17:07 09.01.2024 (Навсозишуда: 17:09 09.01.2024) Миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз нигоҳи синни миёнаи аҳолӣ соли нисбатан боло дар ҳудуди Белорус сабт шудааст, ки беш аз 41-ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бархе омори марбути теъдод, син ва макони истиқомати аҳолиро дар қаламрави кишварҳои иттиҳод нашр кардааст.
Аҳолии Қирғизистон аз ҳама ҷавонтарин миёни кишварҳои ИИАО мебошад, ки синни миёнааш ба 28,3 сол баробар аст.
Ин нишондод дар Қазоқистон ба 32,1, Арманистон - 37,4, Русия - 40,7, Белорус - 41,2 сол баробар мебошад.
Дар умум шумораи аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ҳолати аввали соли гузашта наздики 186 млн нафар ҳисоб шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳамчунин нишон додааст, ки чӣ қадаре аз аҳолии иттиҳодия пойтахтнишинанд.
Аз ҷумла дар Ереван каме бештар аз 1 млн нафар иқомат доранд, ки наздики 37%-и аҳолии Арманистонро ташкил медиҳад.
️Дар Минск қариб 2 млн нафар ё қариби 22% аҳолии Беларус зиндагӣ мекунанд . Сокинони Бишкек 1,1 млн нафаранд, ки беш аз 16% аҳолии Қирғизистон мебошад.
Маскав 13,1 млн сокин дорад, ки баробари 9%-и аҳолии Русия аст. ️Дар Остона 1,3 млн нафар қариби 7% аҳолии Қазоқистон зиндагӣ мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар Алмато назар ба пойтахти ҷумҳурӣ аҳолии бештар иқомат доранд.