https://sputnik.tj/20240110/ima-etirof-hazor-nizomi-tajribador-1061221051.html
Дар ИМА эътироф карданд, ки Украина ҳазорҳо низомии таҷрибадору иродатмандашро талаф дод
Дар ИМА эътироф карданд, ки Украина ҳазорҳо низомии таҷрибадору иродатмандашро талаф дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз дуруст оғоз нашуда ба анҷом расид ва ноил нашуданд, ки мудофиаи Русияро рахна кунанд, навиштааст WSJ
2024-01-10T18:18+0500
2024-01-10T18:18+0500
2024-01-10T18:18+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амният ва мудофиа
дар ҷаҳон
русия
украина
има
ҳамлаи хунин
шикаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0c/1058790345_0:213:2500:1619_1920x0_80_0_0_24dae3ce995cbfa57a67f1b13bf1075e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия ҳазорон нафар аз низомиён, аз ҷумла таҷрибадортарин ва бомалакаро аз даст дод. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal (WSJ) хабар додааст. Ба иттилои ин нашрия, Киев "ҳазорон нафар низомиён, аз ҷумла ҷангиёни ботаҷриба ва иродатмандро" дар ҷангҳо аз даст додааст. Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ба тасвири нашрияи маъруфи амрикоӣ "пеш аз оғози он ба охир расид". Манбаъ афзуд, бузургтарин мушкили нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳоли ҳозир ин аст, ки онҳо "ба қадри кофӣ мусаллаҳ нестанд, ки дифои Русияро рахна кунанд". Артиши Украина аз 4 июни соли 2023 талошҳои ҳамлаи бебарор анҷом додааст. Ҷониби Русия борҳо таъкид кардааст, ки бо вуҷуди талафоти зиёд, ҳамлаҳои ҷавобӣ барои Киев натиҷаҳои назаррасе наовардааст.Рӯзи 1-уми декабр президенти Украина Владимир Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ҳадафҳои пешбинишуда нарасидаанд. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ахиран изҳор дошт, ки Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад ва Маскав аз аҳдофаш дар амалиёти вижа рӯй гардонданӣ нест. Русия сар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240110/shikasti-nato-barkhurd-rusiya-peshguishavanda-1061213494.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0c/1058790345_97:0:2320:1667_1920x0_80_0_0_f2cd7ff62c4538db0df133eaa16256be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, артиш, низомиён, қувва, мудофиа, русия
украина, артиш, низомиён, қувва, мудофиа, русия
Дар ИМА эътироф карданд, ки Украина ҳазорҳо низомии таҷрибадору иродатмандашро талаф дод
Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз дуруст оғоз нашуда ба анҷом расид ва ноил нашуданд, ки мудофиаи Русияро рахна кунанд, навиштааст WSJ
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия ҳазорон нафар аз низомиён, аз ҷумла таҷрибадортарин ва бомалакаро аз даст дод.
Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal (WSJ) хабар додааст. Ба иттилои ин нашрия, Киев "ҳазорон нафар низомиён, аз ҷумла ҷангиёни ботаҷриба ва иродатмандро" дар ҷангҳо аз даст додааст.
Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ба тасвири нашрияи маъруфи амрикоӣ "пеш аз оғози он ба охир расид".
Манбаъ афзуд, бузургтарин мушкили нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳоли ҳозир ин аст, ки онҳо "ба қадри кофӣ мусаллаҳ нестанд, ки дифои Русияро рахна кунанд".
Артиши Украина аз 4 июни соли 2023 талошҳои ҳамлаи бебарор анҷом додааст. Ҷониби Русия борҳо таъкид кардааст, ки бо вуҷуди талафоти зиёд, ҳамлаҳои ҷавобӣ барои Киев натиҷаҳои назаррасе наовардааст.
Рӯзи 1-уми декабр президенти Украина Владимир Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ҳадафҳои пешбинишуда нарасидаанд.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ахиран изҳор дошт, ки Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад ва Маскав аз аҳдофаш дар амалиёти вижа рӯй гардонданӣ нест.
Русия сар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.