https://sputnik.tj/20231228/rahmon-khizmat-shoistai-sohibkoron-bahoi-baland-dod-1061097952.html
Раҳмон аз корҳои соҳибкорон ситоиш карду ба мансабдорон гуфт, фаромӯш накунанд
Раҳмон аз корҳои соҳибкорон ситоиш карду ба мансабдорон гуфт, фаромӯш накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тайи солҳои истиқлол дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо 54 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст
2023-12-28T11:37+0500
2023-12-28T11:37+0500
2023-12-28T11:46+0500
дар тоҷикистон
соҳибкор
иқтисод
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061025892_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_83987d3c32ac3f69e347a74723f5a03f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёмаш ба порлумон гуфт, ки бидуни соҳибкорон кишвар ба дастовардҳои хуби иқтисодӣ ноил шуда наметавонад. "Аз ҳисоби буҷети давлатӣ корҳое, ки соҳибкорон анҷом додаанд, ғайриимкон буд", - таъкид кард роҳбари Тоҷикистон. Ҳамин тариқ, дар соли 2023 беш аз 700 корхона бо 5 ҳазор ҷойи корӣ, 117 муассисаи таълимӣ барои 43 ҳазор донишҷӯ ва 139 муассисаи тандурустӣ бунёд гардид. Ва таъкид кард, ки тайи солҳои истиқлол дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо 54 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки тайи 75 соли ахир, яъне дар замони шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 338 корхона бо 33 ҳазор ҷойи корӣ бунёд шудааст. Дар ҳамин ҳол Раҳмон ба масъулин ёдовар шуд, ки кӣ иншоот месозанд, ҷойҳои корӣ месозанд ва Ватанро обод мекунад. "Ин ҳама ба шарофати соҳибкорони ватанӣ аст. Инро фаромӯш накунед", - гуфт президент.Ӯ дар идома ба онҳое, ки роҳ месозанд, аввал сипос гуфт ва баъдан даъват кард, ки бо сифати баланд созанд.Ба гуфтаи Раҳмон, чуноне созем, ки солҳо дошт диҳад ва ояндагонамон аз он истифода баранд, дар акси ҳол, мо худамонро фиреб медиҳем.
https://sputnik.tj/20231227/iqtisod-niholshinoni-roh-majlisi-hukumat-rahmon-1061088805.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061025892_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f33160049eaf996fe15c1b3d581615ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон корҳо соҳибкорон тоҷик ситоиш
раҳмон корҳо соҳибкорон тоҷик ситоиш
Раҳмон аз корҳои соҳибкорон ситоиш карду ба мансабдорон гуфт, фаромӯш накунанд
11:37 28.12.2023 (Навсозишуда: 11:46 28.12.2023) Тайи солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо 54 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёмаш ба порлумон гуфт, ки бидуни соҳибкорон кишвар ба дастовардҳои хуби иқтисодӣ ноил шуда наметавонад.
"Аз ҳисоби буҷети давлатӣ корҳое, ки соҳибкорон анҷом додаанд, ғайриимкон буд", - таъкид кард роҳбари Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 беш аз 700 корхона бо 5 ҳазор ҷойи корӣ, 117 муассисаи таълимӣ барои 43 ҳазор донишҷӯ ва 139 муассисаи тандурустӣ бунёд гардид.
Ва таъкид кард, ки тайи солҳои истиқлол дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо 54 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки тайи 75 соли ахир, яъне дар замони шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 338 корхона бо 33 ҳазор ҷойи корӣ бунёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол Раҳмон ба масъулин ёдовар шуд, ки кӣ иншоот месозанд, ҷойҳои корӣ месозанд ва Ватанро обод мекунад.
"Ин ҳама ба шарофати соҳибкорони ватанӣ аст. Инро фаромӯш накунед", - гуфт президент.
Ӯ дар идома ба онҳое, ки роҳ месозанд, аввал сипос гуфт ва баъдан даъват кард, ки бо сифати баланд созанд.
"Кӯшиш накунед, ки тез созед, оҳиста бошад ҳам бо сифати баланд созед. 1 км не, балки 500 м, мустаҳкам, устувор, бо равшанй ва инфрасохтор созед", - таъкид кард раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Раҳмон, чуноне созем, ки солҳо дошт диҳад ва ояндагонамон аз он истифода баранд, дар акси ҳол, мо худамонро фиреб медиҳем.