Садҳо ҳазор метри мураббаъ: Ҳукумати Душанбе аз суръати сохтмони манзил хабар дод

© SputnikНовостройки в Душанбе
Новостройки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2023
Обуна шудан
Соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони 106 иншоот ба анҷом расид, ки масоҳати умумии онҳо 431 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар пойтахти Точикистон маълумот дар бораи рафти сохтмони объектҳои гуногунро эълон карданд.
Рақамҳои соли 2023 аз ҷониби ҳукумати Душанбе пешниҳод шудаст, ки ба гуфтаи онҳо дар ин муддат сохтмони 106 иншоот ба охир расид.
Гуфта мешавад, ки 5-тои онҳо корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ мебошанд.
Ҳамзамон ҳукумати шаҳр аз сохтмони 4 бинои маъмурӣ низ гузориш додааст.
Дар мавриди инфрасохтори иҷтимоӣ 2 муассисаи таълимӣ, 12 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 27 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, 42 хонаи шахсӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 12 хатти муҳандисӣ ва роҳҳо низ бунёд шуд.
Майдони умумии инфрасохтори бунёдшуда 431 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
Тоҷикистону Русия дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамкорӣ мекунанд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия ва Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли конструксияҳои филизӣ ва масолеҳи сохтмонӣ табодули колоро афзоиш медиҳанд.
Таъкид шуд, ки дар заминаи авҷи сохтмонҳо талабот ба ин гуна мавод афзудааст
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Хатлон низ аз суръати рекордии сохтмон гузориш дода буданд.
Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) 181 иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад.
Гузашта аз ин, 28-тои онҳо танҳо дар як навоҳии вилояти Хатлон корхонаву коргоҳҳои саноатӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0