Тоҷикистону Русия дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамкорӣ мекунанд

© Foto / Пресс-служба Совета Федерации РФФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
Обуна шудан
Санади дахлдор бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мазкурро мақомдорони Тоҷикистону Русия дар шаҳри Санкт Петербург ба имзо расонданд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон бо Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия ва Корпоратсияи давлатии "Росатом" ёддошти ҳамкорӣ баст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи мазкур хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зери ёддошти ҳамкорӣ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамроҳ бо Ирек Файзуллин вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия Ирек Файзуллин ва директори генералии Корпоратсияи давлатии “Росатом” Алексей Лихачев имзо гузоштанд.
Брифинг вице-премьера РФ Марата Хуснуллина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Ҳуснуллин аз оғози сохтмони театри ба номи Маяковский дар Душанбе хабар дод
Гуфта мешавад, санади мазкур дар чемпионати III байналмилалии сохтмон, дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид имзо шуд.
Ба гуфтаи ин кумита, тафоҳум ҳамкориро дар заминаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла банақшагирии ҳалли фаннӣ, тарҳрезӣ ва истифодабарии иншооти шаҳрӣ ва мунисипалӣ, инчунин экспертизаи давлатии асноди лоиҳавӣ, амнияти экологӣ ва энергетикиро пешбинӣ мекунад.
Ҳуҷҷат инчунин ба табодули таҷриба байни ду кишвар, пешбурди лоиҳаҳои таълимӣ оид ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи сохтмон ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон нигаронида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи имсолаи байналмилалии сохтмон дар маркази анҷуман ва намоишгоҳи Expoforum дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0