Зарбаҳои Исроил ба урдугоҳи гурезаҳо дар Ғазза ҷони беш аз 70 танро гирифт

© AFP 2023 / John MacdougallЮг Израиля недалеко от границы с сектором Газа, после авиаударов Израиля
Юг Израиля недалеко от границы с сектором Газа, после авиаударов Израиля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2023
Обуна шудан
Беморхонаҳои маҳаллӣ дар навори Ғазза наметавонанд ба кулли зарардидагон расидагь кунанд, гуфт, намояндаи Вазорати тандурустии анклав дар бораи вазъияти он
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои "Ал-Мағози" дар маркази навори Ғазза дасти кам 70 фаластинӣ кушта шуданд.
Дар ин бора телевизиони давлатии Фаластин бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки намояндаи вазорати тандурустии Ғазза Ашраф ал-Кидро афзоиши маргу мирро бар асари зарбаи Исроил ба як маҳаллаи истиқоматӣ пешгӯӣ кардааст.
Вай инчунин афзуд, ки нерӯҳои исроилӣ роҳҳои асосии байни урдугоҳҳоро дар минтақаи марказӣ бомбаборон мекунанд, ки ин ба ҳаракати мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва нақлиёти ғайринизомӣ халал мерасонад.
Значок Седьмой конференции по межрегиональному сотрудничеству России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Ҳамовозии Душанбе ва Маскав дар мавриди роҳи ҳалли буҳрони Фаластин
Таъкид мешавад, ки бемористонҳои маҳаллӣ наметавонанд ба ҷараёни вуруди осебдидагон расидагии комилл кунанд.
Илова бар ин, нерӯҳои Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои "Ал-Бурейҷ" дар маркази Ғазза ва шаҳри ҷанубии Хон Юнус низ ҳамла карданд.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 20 ҳазор нафар кушта ва беш аз 57 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Муноқишаи Фаластину Исроил

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Учения ВМС США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Тиҷорати ҷаҳонӣ зери хатар: Ҳусиҳои Яман барои Ғазза аз Ғарб интиқом мегиранд
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0