Ҳамовозии Душанбе ва Маскав дар мавриди роҳи ҳалли буҳрони Фаластин

© Sputnik / Арпи БегларянЗначок Седьмой конференции по межрегиональному сотрудничеству России и Таджикистана
Значок Седьмой конференции по межрегиональному сотрудничеству России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Обуна шудан
Душанбе гуфт, ҳалли қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилонаю пойдор танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои СММ дар бораи ташкили давлати мустақил имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ баён дошт.
Вай гуфт, ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад.
"Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад", - изҳор дошт Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил қатъномаи таҳти рақами 181 қабул карда буд.
Аммо то имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати худ амалӣ нагардидааст, афзуд ӯ.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Раисҷумҳури Эрон аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки Фаластинро мусаллаҳ намоянд
"Дар ин замина, таъмини ҳимояи байналмилалии мардуми Фаластин ва дастгирии талошҳо барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим дониста мешавад", - муҳим хонд Раҳмон.
Қаблан президенти Русия, Владимир Путин низ аз масоили бунёдии коҳиши таниш дар минтақаи Шарқи Наздикро татбиқи низоми дудавлатӣ бо қарори СММ хонд. Вай зикр намуд, ки СММ барои ташкили давлатҳои Исроилу Фаластин қарор карда буд, аммо то ҳол танҳо аввалияш ташкил шудаасту халос.
Лентаи хабарҳо
0