https://sputnik.tj/20231225/rubl-tojikiston-kam-bolo-raft-qurb-asor-1061044292.html
Рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт: Қурби асъор
Рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт: Қурби асъор
Sputnik Тоҷикистон
Рубл нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиш дар ҳафтаи ахир, дигарбора дар бозори арзи ҷумҳурӣ майли гарон шудан дорад
2023-12-25T09:43+0500
2023-12-25T09:43+0500
2023-12-25T09:49+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Рубли русӣ ҳафтаи навро дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ бо каме гаронӣ шуруъ кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 119,2 сомонӣ аст.Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 1000 рубл 119 сомонӣ муқаррар шуда буд.Асъори русӣ сар аз ноябр, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешавад.Дар баробари рубл евро низ боз гаронтар шудаанд.Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 12.0796 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар охири ҳафтаи гузашта қурби ҳар евро 12.0767 сомонӣ муқаррар шуда буд.Дар ҳамин ҳол, қимати пули амрикоӣ камеме коҳиш ёфтааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9567 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9516 сомонӣ медиҳанд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9516 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 12.0796 то 12.2000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119,2 то 120,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230911/sharh-yovar-prezident-rusiya-rubl-1059318292.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон боло қурби асъор
рубл тоҷикистон боло қурби асъор
Рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт: Қурби асъор
09:43 25.12.2023 (Навсозишуда: 09:49 25.12.2023) Рубл нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиш дар ҳафтаи ахир, дигарбора дар бозори арзи ҷумҳурӣ майли гарон шудан дорад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Рубли русӣ ҳафтаи навро дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ бо каме гаронӣ шуруъ кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 119,2 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 1000 рубл 119 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ сар аз ноябр, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешавад.
Дар баробари рубл евро низ боз гаронтар шудаанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 12.0796 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар охири ҳафтаи гузашта қурби ҳар евро 12.0767 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, қимати пули амрикоӣ камеме коҳиш ёфтааст. Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9567 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9516 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9516 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 12.0796 то 12.2000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119,2 то 120,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.