https://sputnik.tj/20230911/sharh-yovar-prezident-rusiya-rubl-1059318292.html
Шарҳи ёвари президенти Русия дар мавриди ояндаи қурби рубл
Шарҳи ёвари президенти Русия дар мавриди ояндаи қурби рубл
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари раисҷумҳури Русия зимни шарҳи қурби рубл гуфт, ки авҷи заифшавии он паси сар шудааст ва тавзеҳ дод, ки мақомот барои устувории он чӣ кор мекунанд
2023-09-11T13:29+0500
2023-09-11T13:29+0500
2023-09-11T13:29+0500
дар русия
иқтисод
қурб
рубл
ёвар
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045110937_0:242:3078:1973_1920x0_80_0_0_e814e8926f0b06e8ebaa0d3cadcc716e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Авҷи заъфи рубл гузашта, ҳоло омилҳое ба таҳкими он далолат мекунанд, аз ҷумла мақомот барои маҳдуд кардани хуруҷи сармоя корбарӣ доранд. Ин нуктаро ёвари раисиҷумҳури Русия, Максим Орешкин дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ дар Владивосток баён дошт. "Агар ба оянда нигарем, маълум аст, ки ҳисоби ҷорӣ барқарор мешавад. Воридоти молу хизматрасонӣ дар охири сол каме коҳиш хоҳад ёфт. Содирот хеле афзоиш хоҳад ёфт, зеро нархи нафт барқарор шуд", - гуфт ӯ. Ёвари президент афзуд, ки қарорҳои Бонки марказӣ – баланд бардоштани меъёри бозтамвил, тадбирҳои макропруденсиалӣ ин мутаносибан қарздиҳӣ ва берун рафтани сармояро бозмедорад. Ба гуфтаи вай, барои заъфи рубл чанд сабаб дошт, ки коҳиши нархи нафт дар нимсолаи аввалу барқароршавии ҳаҷми воридот аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Орешкин изҳор дошт, ки дар гардиши савдои хориҷӣ воридкунандагон аз бозорҳои ғарбӣ ба бозорҳои ҷанубӣ ва шарқӣ рӯй оварданд. Афзоиши воридот натиҷаи рушди иқтисод мебошад, изҳор дошт ӯ. Ёвари президент ҳамчунин хуруҷи сармояро яке аз омилҳои коҳиши қурби рубл номида, афзуд, ки мақомот - Бонки марказӣ якҷоя бо ҳукумат чораҷӯӣ доранд, то содироти он коҳиш ёбад. Форуми VIII иқтисодии Шарқ рӯзҳои 00-13 сентябр дар Владивосток дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20230906/iqdom-bonki-markazi-rubl-rusiya-1059238945.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045110937_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_e3f08ac685094b49f07cb5ff94817c0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл, русия, оянда, устувор, мақомот
рубл, русия, оянда, устувор, мақомот
Шарҳи ёвари президенти Русия дар мавриди ояндаи қурби рубл
Ёвари раисҷумҳури Русия зимни шарҳи қурби рубл гуфт, ки авҷи заифшавии он паси сар шудааст ва тавзеҳ дод, ки мақомот барои устувории он чӣ кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Авҷи заъфи рубл гузашта, ҳоло омилҳое ба таҳкими он далолат мекунанд, аз ҷумла мақомот барои маҳдуд кардани хуруҷи сармоя корбарӣ доранд.
Ин нуктаро ёвари раисиҷумҳури Русия, Максим Орешкин дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ дар Владивосток баён дошт.
"Агар ба оянда нигарем, маълум аст, ки ҳисоби ҷорӣ барқарор мешавад. Воридоти молу хизматрасонӣ дар охири сол каме коҳиш хоҳад ёфт. Содирот хеле афзоиш хоҳад ёфт, зеро нархи нафт барқарор шуд", - гуфт ӯ.
Ёвари президент афзуд, ки қарорҳои Бонки марказӣ – баланд бардоштани меъёри бозтамвил, тадбирҳои макропруденсиалӣ ин мутаносибан қарздиҳӣ ва берун рафтани сармояро бозмедорад.
Ба гуфтаи вай, барои заъфи рубл чанд сабаб дошт, ки коҳиши нархи нафт дар нимсолаи аввалу барқароршавии ҳаҷми воридот аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Орешкин изҳор дошт, ки дар гардиши савдои хориҷӣ воридкунандагон аз бозорҳои ғарбӣ ба бозорҳои ҷанубӣ ва шарқӣ рӯй оварданд. Афзоиши воридот натиҷаи рушди иқтисод мебошад, изҳор дошт ӯ.
Ёвари президент ҳамчунин хуруҷи сармояро яке аз омилҳои коҳиши қурби рубл номида, афзуд, ки мақомот - Бонки марказӣ якҷоя бо ҳукумат чораҷӯӣ доранд, то содироти он коҳиш ёбад.
Форуми VIII иқтисодии Шарқ рӯзҳои 00-13 сентябр дар Владивосток дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур ҷараён дорад.