https://sputnik.tj/20231219/putin-rusiya-ahdof-amaliyoti-vizha-1060986679.html
Путин: Русия аз аҳдофаш дар амалиёти вижа даст намекашад
Путин: Русия аз аҳдофаш дар амалиёти вижа даст намекашад
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад ва Маскав аз аҳдофаш дар амалиёти вижа рӯй гардонданӣ нест
2023-12-19T18:00+0500
2023-12-19T18:00+0500
2023-12-19T18:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
украина
амалиёт
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/13/1060985873_0:0:3008:1691_1920x0_80_0_0_9b4828affd3e015f80e4ccd35257b945.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Агар музокира кардан хоҳанд, чӣ дар Украина, чӣ дар Аврупо ва чӣ дар ИМА бигузор кунанд, аммо Русия ба ин иқдом танҳо бо назардошти манофеи худ хоҳад рафт. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати дифоъ баён дошт. "Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад. Аммо мо низ аз ҳадафҳои худ барои амалиёти низомии вижа даст намекашем", - гуфт ӯ. Президент таъкид кард, ки феълан артиши Русия дар хатти тамоси ҷангӣ ташаббус дар даст дорад. "Аслан, мо он чизеро, ки зарур мешуморем, иҷро мекунем, дар он ҷое, ки шумо фармондеҳон, риояи тактикаи фаъоли дифоъро мувофиқ мешуморед, ҳамин тавр мешавад ва дар мавридҳои зарурӣ мавқеъҳои худро такмил медиҳем", - гуфт Путин. Ӯ афзуд, ки душман талафоти зиёд дода, захираҳои худро асосан аз даст доду достонҳои осебнопазирии техникаи низомии ғарбӣ ҳам барҳам заданд. Путин камбудиҳоро ном бурду супоришҳо додКорхонаҳои бахши низомӣ иқтидорҳояшонро аз аввали амалиёти вижа 4 баробар зиёд карданд ва ин маъарака дар амал камбудиҳоро низ ошкор кард, зикр намуд президент. Вай зарурати зиёд кардани тавлиди снарядҳо, бесарнишинҳои дақиқ ва такмил додани амалиёти мудофиаи ҳавоиро қайд кард. Ғайр аз ин бозсозии ҷиддии низоми алоқа, воситаҳои истихборот, нишонгирӣ, амалиёти зиддибатарея ва тавсеаи имконоти ҳамроҳакҳои сунъии Замин зарур аст. Аз ҷумла эҷоди хати тавлиди силсилавии ҳавопаймоҳои бесарнишин - аз намуди ҳамлаии вазнин то ҳаҷман хурд бояд амалӣ шавад. Путин ҳамчунин қайд кард, ки корхонаҳои хусусие, ки ба истеҳсоли силоҳ машғуланд, самаранок ва зуд кор мекунанд, ки ин барои бисёриҳо ғайриинтизор буд. Вай афзуд, ки саноати дифои Русия ба ниёзҳои артиш зудтар ва дақиқтар вокуниш нишон медиҳад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳолат идома хоҳад ёфт. Зимни суҳбат дар бораи Украина Путин вазъи кунунӣ ва заминаи таърихии онро ёдовар шуд, ки Русия ягона кафили соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина аст. Ӯ ёдовар шуд, ки Украина минтақаҳои ғарбии худро пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гирифт, вақте ки як қисми заминҳои Лаҳистон ба он дода шуданд. Вай таъкид кард, ки Маскав аз соли 2014 омода буд дар бораи шартҳое, ки дар тавофуқоти Минск муқаррар шудааст, музокира кунад, аммо Украина ва хоҷагони ғарбии он аз онҳо даст кашиданд. "Шумо медонед, мо оромона кӯшиш кардем, ки ба созиш бирасем. Умуман, мо омода будем, ки тамомияти арзии Украина, аз ҷумла Донбассро бо шартҳои муайяне, ки дар созишномаҳои Минск пешбинӣ шудаанд, тадриҷан барқарор кунем. Аммо мақомоти Украина ва Ғарб ба ин нарафтанду амалан ҷанг дар Донбассро сар карданд", - гуфт ӯ. Таърих ҳама чизро ба ҷои худ мегузорад, "мо дахолат намекунем, аммо аз он чизе ки дорем, даст намекашем" гуфт президент.
https://sputnik.tj/20231219/gharb-muzokiroti-judogona-rusiya-omodagi-1060972699.html
https://sputnik.tj/20231214/putin-guf-kay-ukraina-zamon-faro-merasad-1060892091.html
https://sputnik.tj/20231217/rusiya-sohibikhtiyor-putin-hizb-hokim-1060953143.html
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/13/1060985873_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_8d5e5ae8ea20c44696cc833eeb5e3562.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, путин, фармондеҳ, низомӣ, вазорати мудофиа
мулоқот, путин, фармондеҳ, низомӣ, вазорати мудофиа
Путин: Русия аз аҳдофаш дар амалиёти вижа даст намекашад
Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад ва Маскав аз аҳдофаш дар амалиёти вижа рӯй гардонданӣ нест
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Агар музокира кардан хоҳанд, чӣ дар Украина, чӣ дар Аврупо ва чӣ дар ИМА бигузор кунанд, аммо Русия ба ин иқдом танҳо бо назардошти манофеи худ хоҳад рафт.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати дифоъ баён дошт.
"Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад. Аммо мо низ аз ҳадафҳои худ барои амалиёти низомии вижа даст намекашем", - гуфт ӯ.
Президент таъкид кард, ки феълан артиши Русия дар хатти тамоси ҷангӣ ташаббус дар даст дорад.
"Аслан, мо он чизеро, ки зарур мешуморем, иҷро мекунем, дар он ҷое, ки шумо фармондеҳон, риояи тактикаи фаъоли дифоъро мувофиқ мешуморед, ҳамин тавр мешавад ва дар мавридҳои зарурӣ мавқеъҳои худро такмил медиҳем", - гуфт Путин.
Ӯ афзуд, ки душман талафоти зиёд дода, захираҳои худро асосан аз даст доду достонҳои осебнопазирии техникаи низомии ғарбӣ ҳам барҳам заданд.
Путин камбудиҳоро ном бурду супоришҳо дод
Корхонаҳои бахши низомӣ иқтидорҳояшонро аз аввали амалиёти вижа 4 баробар зиёд карданд ва ин маъарака дар амал камбудиҳоро низ ошкор кард, зикр намуд президент.
Вай зарурати зиёд кардани тавлиди снарядҳо, бесарнишинҳои дақиқ ва такмил додани амалиёти мудофиаи ҳавоиро қайд кард.
Ғайр аз ин бозсозии ҷиддии низоми алоқа, воситаҳои истихборот, нишонгирӣ, амалиёти зиддибатарея ва тавсеаи имконоти ҳамроҳакҳои сунъии Замин зарур аст.
Аз ҷумла эҷоди хати тавлиди силсилавии ҳавопаймоҳои бесарнишин - аз намуди ҳамлаии вазнин то ҳаҷман хурд бояд амалӣ шавад.
Путин ҳамчунин қайд кард, ки корхонаҳои хусусие, ки ба истеҳсоли силоҳ машғуланд, самаранок ва зуд кор мекунанд, ки ин барои бисёриҳо ғайриинтизор буд.
Вай афзуд, ки саноати дифои Русия ба ниёзҳои артиш зудтар ва дақиқтар вокуниш нишон медиҳад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳолат идома хоҳад ёфт.
Зимни суҳбат дар бораи Украина Путин вазъи кунунӣ ва заминаи таърихии онро ёдовар шуд, ки Русия ягона кафили соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина аст.
"Вақте ки Русия Иттиҳоди Шӯравиро таъсис дод, дар баробари аҳолӣ ҳудудҳои бузурги таърихӣ, иқтидори азимро дод ва дар тамоми ин қаламрав захираҳои азимро сармоягузорӣ кард", - зикр намуд раисҷумҳур.
Ӯ ёдовар шуд, ки Украина минтақаҳои ғарбии худро пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гирифт, вақте ки як қисми заминҳои Лаҳистон ба он дода шуданд.
Вай таъкид кард, ки Маскав аз соли 2014 омода буд дар бораи шартҳое, ки дар тавофуқоти Минск муқаррар шудааст, музокира кунад, аммо Украина ва хоҷагони ғарбии он аз онҳо даст кашиданд.
"Шумо медонед, мо оромона кӯшиш кардем, ки ба созиш бирасем. Умуман, мо омода будем, ки тамомияти арзии Украина, аз ҷумла Донбассро бо шартҳои муайяне, ки дар созишномаҳои Минск пешбинӣ шудаанд, тадриҷан барқарор кунем. Аммо мақомоти Украина ва Ғарб ба ин нарафтанду амалан ҷанг дар Донбассро сар карданд", - гуфт ӯ.
Таърих ҳама чизро ба ҷои худ мегузорад, "мо дахолат намекунем, аммо аз он чизе ки дорем, даст намекашем" гуфт президент.