https://sputnik.tj/20231221/tolibho-vujudi-noamni-marz-afghoniston-1061006578.html
Толибҳо вуҷуди ноамниро дар марзҳои Афғонистон рад карданд
Толибҳо вуҷуди ноамниро дар марзҳои Афғонистон рад карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯии ҳукумати толибон таъкид кард, ки мавзеи толибон дарбора истифода нашудан аз хоки ин кишвари алайҳи кишварҳои дигар равшанаст
2023-12-21T10:53+0500
2023-12-21T10:53+0500
2023-12-21T11:54+0500
забеҳуллоҳ муҷоҳид
афғонистон
марз
таҳдид
дар тоҷикистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042127640_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_34ec673f8d16d97138c2194c0d9ae9da.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи расмии ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибон дар вокуниш ба суханони ахири сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи ноамн будан марзҳои Афғонистон тасреҳ кард, ҳукумати толибон ҳаргиз иҷоза намедиҳад шахс ё гуруҳе аз хоки Афғонистони алайҳи кишваре истифода кунад, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.“Чунин гуруҳҳое, ки алайҳи кишваре иқдом кунанд, дар Афғонистон надорем”, - гуфт оқои Муҷоҳид.Ёдовар мешавем, ки ахиран хабаргузории ТАСС Русия дар гузорише ба нақл аз Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон навишт, гурӯҳҳои террористӣ имсол борҳо талош кардаанд аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон нуфуз кунанд.Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфта буд, ки ҳуҷуми муҳоҷирони афғон аз Покистони яке аз иллатҳои бесуботӣ дар шимол Афғонистон хоҳад шуд.Чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ ба 6500 нафар расидааст.Ба гуфтаи оқои Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд."Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.
https://sputnik.tj/20230407/mujohid-guruhi-terroristi-doish-afghoniston-faoliyat-1056287505.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042127640_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_a097e634ad25615593a641d5d5f4a760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, толибон, ноамни, марзҳо, кишварҳои ҳамсоя, муҷоҳид
тоҷикистон, афғонистон, толибон, ноамни, марзҳо, кишварҳои ҳамсоя, муҷоҳид
Толибҳо вуҷуди ноамниро дар марзҳои Афғонистон рад карданд
10:53 21.12.2023 (Навсозишуда: 11:54 21.12.2023) Сухангӯии ҳукумати толибон таъкид кард, ки мавқеи толибон дар бораи истифода нашудан аз хоки ин кишвар алайҳи кишварҳои дигар равшан аст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи расмии ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибон дар вокуниш ба суханони ахири сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи ноамн будан марзҳои Афғонистон тасреҳ кард, ҳукумати толибон ҳаргиз иҷоза намедиҳад шахс ё гуруҳе аз хоки Афғонистони алайҳи кишваре истифода кунад, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
“Чунин гуруҳҳое, ки алайҳи кишваре иқдом кунанд, дар Афғонистон надорем”, - гуфт оқои Муҷоҳид.
Ёдовар мешавем, ки ахиран хабаргузории ТАСС Русия дар гузорише ба нақл аз Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон навишт, гурӯҳҳои террористӣ имсол борҳо талош кардаанд аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон нуфуз кунанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфта буд, ки ҳуҷуми муҳоҷирони афғон аз Покистони яке аз иллатҳои бесуботӣ дар шимол Афғонистон хоҳад шуд.
Чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ ба 6500 нафар расидааст.
Ба гуфтаи оқои Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
"Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.
Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.