Муҷоҳид: ҳеч гурӯҳи террористӣ ба ғайр аз ДОИШ* дар Афғонистон фаъолият надорад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Сухангӯи ҳукумати толибҳо ахиран гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳеч гурӯҳи террористӣ ба ғайр аз ДОИШ* дар қаламрави Афғонистон фаъолият надорад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сухангӯи ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ахиран ба расонаҳо гуфт, ки иддаоҳои бархе кишварҳо дар бораи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар воқеъ таблиғе барои онҳо аст.
Оқои Муҷоҳид таъкид кард, ки ДОИШ* бисёр дар сатҳи поину камрангтар аз гузашта дар Афғонистон ҳузур дорад.
“Онҳо саркуб шудаанд ва неруҳои ҳукумати Афғонистон дар баробари онҳо бо ҷиддият истодааст”, гуфт ин мақомдори ҳукумати толибҳо.
Сухангӯии ҳукумати толибҳо тасреҳ кард, ки иддаоҳои бархе кишварҳо дар бораи хатарнок донистани Афғонистон низ нодуруст аст.
Пеш аз ин низ нашрияи дипломат дар бораи ҳузури гурӯҳи террористии Алқоъида* таҳрики толибҳои Покистон ва чанд гурӯҳи террористии дигар дар Афғонистон ҳушдор дода буд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Атомуҳаммади Нур: Толибҳо мухолифони сиёсии худро ба унвони ҷангҷӯёни ДОИШ* мекушанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сухангӯи ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, изҳороти мақомҳои амрикоӣ дар бораи теъдоди гуруҳи ДОИШ* дар Афғонистон воқеият надорад ва "ин гуруҳ ба маротиб аз қабл каму кубида" шудааст.
Чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ ба 6500 нафар расидааст.
Ба гуфтаи оқои Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
"Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.
Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.
* - гурӯҳ ё созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия.
Лентаи хабарҳо
0