https://sputnik.tj/20231221/sanjish-sifat-aloqa-bek-sabur-navohi-1061008821.html
“Санҷиши сифати алоқа”: Бек Сабур ба навоҳӣ рафт
“Санҷиши сифати алоқа”: Бек Сабур ба навоҳӣ рафт
Sputnik Тоҷикистон
Садори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар истгоҳҳои алоқаи мобилӣ дар Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб санҷиш гузаронд
2023-12-21T13:31+0500
2023-12-21T13:31+0500
2023-12-21T15:43+0500
дар тоҷикистон
алоқа
хадамоти алоқа
санҷиш
бег сабур
данғара
восеъ
норак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/15/1061008645_0:511:810:967_1920x0_80_0_0_067a6a495652a0831d9fd2d24b46dce4.jpg
Душанбе, 21 дек - Sputnik. Сафари кории ӯ ба нақша-чорабиниҳои татбиқи фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” рабт дорад ва бино ба гузоришҳои мухталиф, сатҳу сифати алоқа дар кишвар иҷоза намедиҳад, ки ин фармон ба таври муътадил иҷро шавад.Бино ба иттилоъе, ки дафтари матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, Бег Сабур ҳамроҳ бо намояндагони операторони мобилӣ ба шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод ва ин ҳайати корӣ аз истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо дидан намуданд.“Санҷишҳо ва мониторинги сифати алоқаи мобилиро мутахассисони Хадамоти алоқа, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” бо иттифоқи намояндагони операторони мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб анҷом доданд. Мақсади асосӣ пурра муайян намудани саҳти фарогирии мавҷи истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар маҳалҳо ва дақиқ сохтани мушкилоту монеаҳо аст”, - гуфт манбаъ.Манбаъ афзуд, дар натиҷаи санҷиши техникӣ маълум гардид, ки на дар ҳама ҷамоату деҳаҳои минтақаҳои мазкур сифати алоқаи мобилӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад ва дақиқ шуд, ки фарогирии мавҷи ширкатҳои алоқаи мобилӣ низ дар маҳалҳо гуногунанд.“Аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада роҳбарияти Хадамоти алоқа операторони мобилиро муваззаф кард, ки дар баробари таҷдиду навсозии истогоҳҳои фаъоли базавии алоқаи мобилӣ, истогоҳҳои иловагӣ насб намоянд. Ҳамзамон, бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан ва интихоби баробари сим-кортҳо барои сокинон ба операторони мобилӣ ҳидоят дода шуд, ки мавҷпаҳкунандаҳои истгоҳҳои фаъол ва сохташавандаи худро бо иқтидори яксон ба кор андозанд”, - гуфт манбаъ.Вай афзуд, сардори Хадамоти алоқа бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб низ мулоқот анҷом дода, аз забони онҳо бо вазъи сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ошно шуд.Сафарҳои Бек Сабур ба навоҳӣ ба хотири санҷиши сифати алоқаи мобилӣ дар ҳолест, ки аз гӯшаву канори Тоҷикистон дар мавриди сифати пасти хизматрасонии мобилӣ гузоришҳо мерасанд ва бештари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегарданд.Огаҳони ҳол бар инанд, ки чунин кайфияти алоқа дар Тоҷикистон барои иҷроӣ шудани фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон мувофиқ нест.
https://sputnik.tj/20231218/navsozi-islohot-hamkori-khadamot-aloqa-shirkati-rusi-1060966776.html
данғара
восеъ
норак
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/15/1061008645_0:435:810:1043_1920x0_80_0_0_1bf4040388ce3250ef918eb089e032d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хадамоти алоқа, бек сабур, норак, данғара, кӯлоб, алоқаи мобилӣ
тоҷикистон, хадамоти алоқа, бек сабур, норак, данғара, кӯлоб, алоқаи мобилӣ
“Санҷиши сифати алоқа”: Бек Сабур ба навоҳӣ рафт
13:31 21.12.2023 (Навсозишуда: 15:43 21.12.2023) Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар истгоҳҳои алоқаи мобилӣ дар шаҳру навоҳии Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб санҷиш гузаронд.
Душанбе, 21 дек - Sputnik. Сафари кории ӯ ба нақша-чорабиниҳои татбиқи фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” рабт дорад ва бино ба гузоришҳои мухталиф, сатҳу сифати алоқа дар кишвар иҷоза намедиҳад, ки ин фармон ба таври муътадил иҷро шавад.
Бино ба иттилоъе, ки дафтари матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, Бег Сабур ҳамроҳ бо намояндагони операторони мобилӣ ба шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод ва ин ҳайати корӣ аз истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо дидан намуданд.
“Санҷишҳо ва мониторинги сифати алоқаи мобилиро мутахассисони Хадамоти алоқа, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” бо иттифоқи намояндагони операторони мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб анҷом доданд. Мақсади асосӣ пурра муайян намудани саҳти фарогирии мавҷи истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар маҳалҳо ва дақиқ сохтани мушкилоту монеаҳо аст”, - гуфт манбаъ.
Манбаъ афзуд, дар натиҷаи санҷиши техникӣ маълум гардид, ки на дар ҳама ҷамоату деҳаҳои минтақаҳои мазкур сифати алоқаи мобилӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад ва дақиқ шуд, ки фарогирии мавҷи ширкатҳои алоқаи мобилӣ низ дар маҳалҳо гуногунанд.
“Аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада роҳбарияти Хадамоти алоқа операторони мобилиро муваззаф кард, ки дар баробари таҷдиду навсозии истогоҳҳои фаъоли базавии алоқаи мобилӣ, истогоҳҳои иловагӣ насб намоянд. Ҳамзамон, бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан ва интихоби баробари сим-кортҳо барои сокинон ба операторони мобилӣ ҳидоят дода шуд, ки мавҷпаҳкунандаҳои истгоҳҳои фаъол ва сохташавандаи худро бо иқтидори яксон ба кор андозанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, сардори Хадамоти алоқа бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб низ мулоқот анҷом дода, аз забони онҳо бо вазъи сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ошно шуд.
Сафарҳои Бек Сабур ба навоҳӣ ба хотири санҷиши сифати алоқаи мобилӣ дар ҳолест, ки аз гӯшаву канори Тоҷикистон дар мавриди сифати пасти хизматрасонии мобилӣ гузоришҳо мерасанд ва бештари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегарданд.
Огаҳони ҳол бар инанд, ки чунин кайфияти алоқа дар Тоҷикистон барои иҷроӣ шудани фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон мувофиқ нест.