“Навсозию ислоҳот”: санади ҳамкории Хадамоти алоқа бо як ширкати дигари русӣ

© Foto / Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ТоҷикистонПодписание меморандума о сотрудничестве между Службой связи Таджикистана и российской компанией "Питер Ай Икс"
Подписание меморандума о сотрудничестве между Службой связи Таджикистана и российской компанией Питер Ай Икс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2023
Обуна шудан
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои русӣ ба раванди ислоҳот ва навсозии шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон такони нав мебахшад
Душанбе, 18 дек - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати дигари русӣ –PITER IX меморандум ё ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Ин санадро дар Душанбе Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Николай Метлюк, директори генералии ширкати PITER IX имзо карданд.
Бино ба иттилоъе, ки дафтари матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, мақсади асосии ёддошти ҳамкорӣ мусоидат намудан ба раванди навсозию ислоҳот дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон аст.
“Ин ҳуҷҷат заминаи ҳамкориҳои ширкатҳои алоқаи мобилии кишварро бо ширкати русии “Питер Ай Икс” фароҳам месозад, яъне ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон метавонанд ба алоҳидагӣ бо ин ширкат ҳамкорӣ кунанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, дар доираи ин ёддошти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа, махсусан ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, таҳкими шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G), сурат хоҳад гирифт.
Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ма Тян, директори генералии ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2023
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
Ёдовар мешавем, ки ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати маъруфи “Сифра” – и шаҳри Маскав низ як ёддошти тафоҳум ба имзо расонида буд.
Ин ҳуҷҷат ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефонияро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0