Сафорати Русия ба ҳамватанони ҷавон дар Тоҷикистон туҳфаҳои соли навӣ тақдим кард

© Foto / Посольство России в ТаджикистанеПосольство РФ поздравило юных соотечественников в Таджикистане подарками
Посольство РФ поздравило юных соотечественников в Таджикистане подарками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2023
Обуна шудан
Дар остонаи ҷашни Соли нав кормандони намояндагии дипломатӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳамватанони Русия маҷмӯи шириниҳо ва туҳфаҳо барои садҳо кӯдак тақдим карданд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳамватанони ҷавони Тоҷикистонро бо туҳфаҳои ширин табрик намуд.
Дар остонаи Соли нав кормандони сафорати Русия ба Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳамватанони Русия маҷмӯи шириниҳо ва туҳфаҳо барои садҳо кудак тақдим карданд.
Дар ояндаи наздик онҳо ба тамоми гушаву канори Тоҷикистон рафта, дар арчаҳои соли навӣ ба фарзандони ҳамватанони рус ҳадя хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ҳаёти Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Ҳамин тариқ, чанде пеш хабар дар бораи ҷарроҳии собиқадори ҷанги Афғонистон Ҳабибулло Содиқов бо кумаки кормандони намояндагии дипломатӣ, бахусус сафир Семён Григорьев расонаӣ шуд.
Заглушка к инфографике Как отдыхает Россия на Новый год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
Муҳоҷирон дар Русия дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сафорат қайд кард, ки ба шарофати мутахассисони рус куҳансарбози тоҷик тавонист бори аввал дар 8 сол ба по хезад. Вай иваз кардани протезҳои чапу росташро талаб кард. Аммо аз соли 2015 инҷониб Содиқов натавонистааст пули ҷарроҳиро пардохт кунад.
Тобистони соли 2023 бо мусоидати фаъолонаи роҳбари намояндагии дипломатии Русия барои Содиқов дар муассисаҳои тиббии Маскав як курси табобатӣ ташкил карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0