Муҳоҷирон дар Русия дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳат дар Русия дар арафаи Соли нав аз охири соли равон оғоз шуда ва қариб тамоми даҳрӯзаи аввали соли оянда идома хоҳанд кард
Муҳоҷирон дар Русия дар баробари бошандагони дигари кишвар дар таътили соли нави 2024 ҳудуди 10 рӯз истироҳат хоҳанд дошт. Кадом рӯзҳо ғайрикорӣ мешаванд - ботафсил дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон оварда шудаст.
Тибқи тақвим, таътили ҷашнӣ аз охири соли равон оғоз шуда ва қариб тамоми даҳрӯзаи аввали соли оянда идома хоҳад кард
Рӯзи истироҳати тӯлонӣ аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки ба 30 ва 31 декабр рост меояд, оғоз мешавад.
Сокинони Тоҷикистон дар соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Давомнокии умумии рӯзҳои истироҳат 10 рӯз хоҳад буд. Рӯзҳои расмӣ ба ифтихори ҷашнҳои Соли нав аз 1то 8 январро фаро мегирад.
Яъне рӯзи душанбеи 8 январ русҳо низ истироҳат мекунанд ва рӯзи аввали кории соли 2024 рӯзи сешанбеи 9 январ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Русия аҳолӣ 248 рӯз кор ва 118 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон мардум дар арафаи Соли нав 3 рӯз истироҳат хоҳанд кард, ки ҳамагӣ як рӯзи он бевосита ба ҷашн дахл дорад, ки дар тақвим ғайрикорӣ муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0